Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шумори гирифторон ба КОВИД-19 дар оламро 81 миллиону 144 ҳазору 994 нафар эълон намуд. Шабонарӯзи гузашта боз 144 ҳазору 263 нафар ба ин беморӣ мубтало шудаанд. Шумори фавтидагон ба 1 миллиону 771 нафар расида ва зарфи 24 соати гузашта дар олам боз 2 036 нафар ҷон бохтаанд. То кунун аз ин беморӣ 57 миллиону 293 ҳазору 765 нафар шифо ёфтаанд. Ҳоло дар беморхонаҳои кишвраҳои олам 105 ҳазору 385 нафар дар ҳоли вазнин бистарианд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон шоми гузашта шумори гирифторон ба КОВИД-19-ро 13 205 нафар эълон кард. Ин манбаъ гуфт, ки аз Covid-19 дар Тоҷикистон 90 нафар ҷон бохтаанд.
Беш аз 47% ҳодисаҳои сироят ба коронавирус дар як шабонарӯз Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ (208 518), минтақаи Аврупо (152 625) ва Осиёи Ҷонубу Шарқӣ (29 062)рост меояд.
Эҳтимол дорад ба сабаби бад шудани авзоъ бар асари сирояти густардаи коронавирус дар Фаронса дубора карантин эълон шавад. Вазири тандурустии ин кишвар Оливйе Веран густааст, ки бори гароне бар дӯши муассисаҳои тиббӣ афтодааст, чун ҳамарӯза ҳудудан 1,5 ҳазор нафар бистарӣ мешаванд.
Навъи нави коронавирус дар сайёҳоне кашф шуд, ки аз Британияи Кабир ба ҷазираи португалии Мадейра омада буданд.
Ду ҳодисаи сироят ба штамми нави коронавирус пештар дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ ва Швейтсария ошкор шуда буд.
Президенти Словакия Зузана Чапутова, аксари аъзои ҳукумат ва вакилони парламони ҷумҳурӣ рӯзи якшанбе худро ба муқобили коронавирус эм карданд. Рӯзи шанбе Словакия 9 750 воя воксани зидди коронавируси тавлиди ширкати амрикоии Pfizer ва олмонии BioNTech дарёфт кард ва худи ҳамон рӯз воксанзанӣ оғоз гардид.
Чин аз имрӯз, 28 декабр, ҳама парвозҳои ҳавопаймоҳои худро ба Британияи Кабир мутаваққиф мекунад.
Зарфи ҳафт рӯзи охир дар Русия бештар аз 200 ҳазор нафар мубталоёни нав ба КОВИД-19 сабт шудаанд. Бино ба оморе, ки хабаргузории давлатии Русия ТААС расонаӣ кардааст, ҳадди густариши вирус коҳиш ёфтааст.
Иттиҳодияи Аврупо рӯзи якшанбе расман воксанзании шаҳрвандон ба Covid-19-ро оғоз намуд. Кишварҳои узви ИА маъракаи сартосарии воксанзаниро баъд аз Британияи Кабир ва ИМА оғоз карданд, ин кишварҳо дар аввал интизор шуданд, ки Агентии аврупоии доруворӣ воксани Pfizer-BioNTech –ро иҷозат диҳад.
Дар Ҷопон аз сироят халабони 30-сола ва духтари ба тахмин 20-30 сола ба гунаи нави вирус хабар доданд. Онҳо ба тозагӣ аз Британияи Кабир баргашта буданд. Ҳукумати ин кишвар эълон кард, ки аз рӯзи шанбе ба муҳлати як моҳ кулли марзҳояшро ба рӯи хориҷиён мебандад. Ба кишвар танҳо касоне ҳақи вуруд хоҳанд дошт, ки шаҳрвандони ин кишваранд ва ҳамчунин баъзе гардишгарони хос аз мамолики Осиё.
Дар Исроил сеюмин локдаун аз замони ҳамагирӣ оғоз шудаву идома дорад. Дар ин кишвар ваксанзании саросарӣ оғоз шудааст ва ҳукуматдорон ба ин умеданд, ки ин охирин локдаун бар зидди коронавирус хоҳад буд. Аз рӯзи якшанбе ба исроилиҳо дур шудан аз хонаҳои худ ба масофаи беш аз як км манъ шуд Ҳамаи мағозаву дуконҳо ва корхонаҳое, ки мавриди ниёзи аввал нестанд, баста шудаанд. Қарор аст маҳдудиятҳои нав муддати ду ҳафта идома кунанд.
Исроил кишваре мебошад, ки сатҳи гиифтории аҳолӣ ба Covid-19 хеле баланд аст. Аҳолии ин кишвар ҳамагӣ 9 миллион аст, вале наздик ба 400 ҳазор сироятшуда дорад ва 3,2 ҳазор нафар аз ин беморӣ фавтидаанд.
Дар Бразилия шумори умумии мубталоён ба Covid-19 ба 7 миллиону 484 ҳазору 285 нафар расидааст ва шабонарӯзи гузашта боз 18 096 ҳодисаи нави сироят ба ин вирус кашф шудааст.
Дар Кореяи Ҷанубӣ зарфи як шабонарӯзи гузашта 1132 нафар ба вируси корона сироят шудаанд. 1104 нафар мубталоён аз дохили кишвар ва боқӣ аз хориҷ ворид шудаанд. То кунун дар Кореяи Ҷанубӣ 57 680 ҳодисаи сироят ба SARS-CoV-2 сабт шудааст.
Зарфи як шабонарӯзи гузашта дар Қазоқистон 733 нафар ба Covid-19 сироят шуданд. Аз оғози ҳамагирӣ дар ин кишвар 152 460 гирифтор шудаву 139 843 шифо ёфтаанд.
Қирғизистон аз сирояти 80 373 ва муолиҷаи 74 820 нафар хабар дод.
Бино ба охирин омори Вазорати тандурустии Ӯзбекистон шумори мубталоёни ба Covid-19 дар ин кишвра ба 76 751расидааст. Дар айни замон 1 847 нафар дар беморхонаҳо тибқи меъёрҳои муайянкардаи духтурон табобат мешаванд.