19 декабр Сарвазири Британияи Кабир Борис Ҷонсон изҳор дошт, ки навъи нави вирусе, ки дар ҷануби кишвар кашф гардид, 70% зарарноктар аз аввалист. Аз ин рӯ, Британия парвози ҳавопаймоҳои худро бо беш аз 35 кишвари олам, аз ҷумла бо Нидерландия, Белгия, Австрия, Италия, Ирландия, Исроил, Фаронса, Шветсиия, Швейтсария, Эстония, Португалия, Испания, Туркия, Канада, Дания, Норвегия, Эрон боздошт. Русия низ ҳама парвозҳо ба Британияи Кабирро аз 22 декабри соли равон мутаваққиф кард.
Навъи нави вирусро дар ҳашт кишвари аврупоӣ ба қайд гирифтанд, гуфт сарвари минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Ҳанс Клюге. Вай аз хамагон даъват намуд, ки хатари вирусро нодида нагиранд, ниқоб пӯшанд, фосилаи иҷтимоиро риоя намоянд, чора ва татбирҳои худинзивоъро риоя кунанд. Намояндаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ гуфт, ки ба назар мерасад мутатсияи нави вирус бештар ба сирояти ҷавонон майл дорад ва бо ҳамин сифат аз гунаи аввал фарқ мекунад.
Ҳукумати Туркия ҳамаи воридшудагон аз хориҷро ба доштани маълумотномаи сироят набудан ба КОВИД-19 вазифадор кард. Ин талабот барои касоне, ки бо ҳавопаймо вориди ин кишвар мешаванд, аз рӯзи 28 декабр амал мекунад, аммо барои касоне, ки бо роҳҳои дигар ворид мешаванд, аз 30 декабр.
Дар Гурҷистон гумонбареро олуда ба штамми нави коронавирус пайдо карданд.
Аз аввали ҳам агирӣ дар кулли кишвраҳои олам ба вируси корона беш аз 80 миллиону нафар сироят шуданд ва аз ин беморӣ зиёда аз 1,7 миллион нафар ҷон бохтанд.
Директори Маркази ба номи Гамалеи Александр Гинсбург ба ин назар аст, ки Русия ба ҷорӣ намудани «шиноснома»-и эмшудагон ба вируси навъи нав ниёз дорад. Чанде пештар вазири тандурустии Русия Михаил Мурашко низ дар бораи «шиносномањои электронии воксанзадагон» изҳори назар карда буд.
Валиаҳди Арабистони Саудӣ Муҳаммад бинни Салмон аввалин вояи воксан аз коронавирусро қабул кард.
Дар Белорусия боз 1893 нафар мубтало ба вируси корона шуданд ва шумори умумии гирифторон дар ин кишвар ба 183 006 нафар расид. Бар асари ин маризӣ 1376 нафар фавтиданд ва 161 832 нафар шифо ёфтанд.
Попи Рум Франсиск аз кишварҳои олам даъват намуд, ки воксан аз КОВИД-19-ро мубодила кунанд. Понтифик дар паёми худ ба муносибати ҷашни Крисман гуфт, ки пандемия марзро намешиносад. Ғайр аз ин сарвари католикҳои олам ба дастгирии бекорон ва ҷабрдидагон аз хушунатҳои оилавӣ дар замони карантин таъкид намуд.
Таҳлилгарони «Сбериндекс» мегӯянд шумори воқеъии мубталоён ба коронавирус дир миёни аҳолии Русия 5-6 баробар бештар аз омори расмист. Сабаби ин бе аломат сироят шудану мулоиҷа шудани беморон мебошад.
Сарвазири Ҷопон Ёсихидэ Суга ба ҷашни «ороми» Соли Нав даъват кард, то ба густариши коронавирус монеъ шаванд. Вай ҳамчунин аз ҷудо кардани 270 миллиард иен (2,14 миллиард евро) барои бемористонҳо ва бемороне, ки аз КОВИД-19 муолиҷа мешаванд, хабар дод. Ғайр аз он, сарвари Ҳукумати ҷопон барои иштирок дар зиёфат бо чанд нафар узр пурсид, ки ин мухолифи даъвати худи ӯ барои худдорӣ аз ин гуна чорабиниҳо мебошад.
Дар Украина зарфи як шабонарӯзи гузашта боз 11 035 нафар гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шуданд. Аз ҳама бештар аз Киев (106 078), вилоятҳои Одесса (67 934) ва Харков (67 417).
Дар Русия дар 24 соати гузашта боз 29 018 нафар чун мубтало ба коронавирус ба қайд гирифта шуданд, ки ин назар ба рӯзҳои пеш бештар буд. То кунун дар ин кишвар 2 миллиону 992 ҳазору 706 нафар ба коронавирус гирифтор шуда, 53 659 (дирӯз 563 нафар) фавтидаанд.
Наздик аз се ду ҳиссаи сокинони Олмон омодаанд худро воксан зананд. 32 дарсад аз ҷумлаи онҳое, ки дар як пурсиши Пажӯҳишгоҳи YouGov ширкат карданд, изҳор доштанд, ки омодаанд ҳарчи зудтар худро эм кунанд, танҳо ба он шарт, ки аввал бубинад, эмшудагон ба чӣ паёмадҳое рӯ ба рӯ шуданд. Аммо 19% пурсидашудагон ба қарори қатъӣ омадаанд, ки аз воксан истифода накунанд. Пажӯҳишгоҳи YouGov ин пурсишро бо супориши агентии dpa роҳандозӣ кардааст.
Дар Кореяи Ҷанубӣ шабонарӯзи гузашта 1241 нафар чун сироятшудаи нав ба қайд гирфта шуданд, ки ин аз аввали ҳамагирӣ баландтарин нишондод будааст.
Туркия дар кутоҳтарин фурсат қисмати аввали воксани чинии Sinovac-ро дастрас хоҳад кард. Вазири тандурустии Туркия Фаҳреттин Коҷа гуфтааст, ки озмоиши воксани чинӣ 91% самаровар будани худро нишон дод.
Шумори сироятшудагон ба коронавирус дар Италия аз ду миллион (2 009 317) нафар гузашт. Танҳо шабонарӯзи гузашта дар ин кишвар боз 18 040 нафар чун мубталои нав сабт шуданд ва 505 нафар ҷон бохтанд.
Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) бозиҳои ҷаҳонии футбол миёни наврасон ва ҷавононро барои соли 2021 лағв кард. Ин ду бозӣ қарор аст соли 2023 баргузор шаванд, бозиҳои қаҳрамонии футбол миёни наврасон дар Перу ва ҷавонон дар Индонезия баргузор хоҳанд шуд.