Интишори гузоришҳо дар бораи ба шиддат паҳн шудани навъи нави коронавиру дар Британияи Кабир кишварҳои Аврупоро водор кардааст, ки парвозҳои ҳавопаймоҳои худро ба ин кишвар мутаваққиф кунанд. Эрон ҳам ахиран эълон кард, ки кулли парвозҳо аз ин кишвар ба Британияи Кабир ва аз он ҷо ба Эрон муддати ду ҳафта қатъ мешавад. Аз мамолики Аврпуо ба Британия ҳамчунин ҳаракати қаторҳо низ муваққатан боздошта шуд. Олмон, Италия, Ирландия, Фаронса ва Ҳолланд на танҳо парвози ҳавопаймоҳо, балки кулли мусофират ба Британияро мутаваққиф карданд. Қарор аст имрӯз, душанбе сарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо бо ҳам мулоқот кунанд ва дар ин маврид тасмим бигиранд.
Ин гунаи нави вируси корона, ки VUI-202012/01 номидаанд, башиддат дар ҳоли густариш дар Лондан ва қисмати ҷанубу шарқии Британия мебошад. Рӯзи шанбеи гузашта Борис Ҷонсон, Сарвазири Британия маҳдудиятҳои нав барои ин минтақаҳои кишвараш эълон кард. Ҳамзамон бо ин Ҷонсон гуфт, ки вазъи баамаломада озодсозии маҳдудятҳои қаблиро дар остона ва рӯзҳои ҷашни Крисман канор мегузорад.
Дар ҳамин ҳол мақомҳои тандурустии Британиё мегӯянд ҳоло маълум нест, ки ин гунаи нави вируси корона кушандатар аз гунаи аввал аст ё воксан ба он амал намекунад. Танҳо фарқе, ки дорад, ин аст, ки нисбат ба навъи қаблӣ 70 дарсад бештар эҳтимоли интиқоли он ба одам аз одам вуҷуд дорад.
Тавре ишора рафт, дар бораи ин вируси нав маълумоти дақиқ вуҷуд надорад, чун ҳоло олимон онро пурра наомӯхтаанд. Танҳо дар бораи се омили то кунун маълум гуфта шудааст:
- Он ҷойгоҳи дигар штаммҳои ҳамин вирусро хеле ба зудӣ танг мекунад;
- Мутатсия ба он қисматҳои вирус ба амал меояд, ки хеле муҳиманд;
- Баъзе аз мутатсияи ин вирус дар шароитҳои озмоишгоҳӣ қудрату тавоноии бештари вуруд ба ҳуҷайраҳоро нишон додааст.
ВВС ба нақл аз мақомоти тандурустӣ навиштааст, ки навъи ин вирус бори аввал моҳи сентябр ошкор шуда буд. Аллакай моҳи ноябр тақрибан 25 дарсади сироятшудагон дар Лондон ба ҳамин навъи нав сироят шуда буданд. Миёнаҳои декабр бошад аллакай мубталоён ба гунаи нави вирус 65 дарсадро ташкил дод.
То кунун ин дақиқ нест, ки навъи нави вирус аз беморе дар худи Британия ба вуҷуд омдааст ва ё аз кишвари дигар ворид шуда. Ҳоло онро дар кулли қаламрави подшоҳии Британия, ба ҷуз Ирландияи Шимолӣ дидаанд. Аммо қисмати бештари мубталоён ба ин навъи вирус дар Лондон мебошанд.