Шумори гирифторон ба КОВИД-19 дар олам ба 75 миллиону 357 ҳазору 739 нафар расида, шабонарӯзи гузашта боз 296 799 нафар мубтало ба ин беморӣ шуданд. Аз коронавирус 1 миллиону 669 ҳазору 877 нафар фавтиданд. То кунун дар саросари олам аз ин беморӣ 52 миллиону 924 ҳазору 771 нафар пурра муолиҷа шуда, ин шабу рӯз дар беморхонаҳои олам 107 ҳазору 261 нафар дар ҳоли вазнин қарор доранд. Бино ба маълумоте, ки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ рӯзи панҷшанбе интишор дод, маргумир бар асари коронавирус 12,4 ҳазор афзоиш ёфта, аз 1,66 миллион гузаштааст. Бештари сироятшудагон дар Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ (291 600), минтақаи Аврупо (269 527) ва Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (34 284) мебошанд.
Дар шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон боз 37 мубталои нав ба КОВИД-19 сабт шуда ва шумори умумии гирифторон ба 12 852 нафар расидааст. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар хабар дод, ки то кунун аз ин беморӣ 12 295 нафар шифо ёфтаву 89 нафар ҷон бохтаанд.
Шумори мубталоён ба коронавирус дар ИМА аз 17 миллион гузашт. Аз ҳама бештар дар иёлотҳои Калифорния (1 715 422), Техас (1 534 831), Флорида (1 155 335), Иллинойс (870 600) ва Ню-Йорк (804 555) беморон ба қайд гирифта шудаанд. Аз ин беморӣ дар ИМА то кунун 307 770 нафар фавтидаанд.
Президенти Фаронса Эмманюэл Макрон ба коронавирус гирифтор шуд. Дафтари матбуотии раёсати ҷумҳурӣ хабар додааст, ки акнун сарвари Фаронса муддати ҳафт рӯзи оянда дар низоми худинзивоъ ба сар хоҳад буд.
Раиси ҳукумати Испания Педро Санчес то 24 декабри соли равон дар карантин хоҳад буд. Гуфта мешавад, ки вай бо президенти Фаронса Эмануэл Макрон иртибот дошта буд.
Сарвари ҳукумати Ирландия Михол Мартин низ робитаҳои иҷтимоии худро аз сабаби тести мусбати президенти Фаронса ба коронавирус маҳдуд хоҳад кард.
Давлати Лаҳистон аз 28 декабри соли равон дар саросари кишвар карантини умумимиллӣ эълон мекунад. Дар ин муддат фаъолияти ҳамаи меҳмонхонаҳо манъ мешавад. Кори муассисаҳои лижаронӣ низ таътил мешавад. Ба ҷуз мағозаҳои хӯрокворӣ ва дорухонаҳо кулли дукону мағоза ва марказҳои савдо баста мешаванд.
Президенти Эрон Ҳасани Руҳонӣ хабар дод, ки кишвараш мавҷи сеюми авҷи коронавирусро пушти сар кард.
Ҳукумати Ҷумҳурии Чех рӯзи панҷшанбе низоми ҳолати фавқулода дар кишварро, ки аз 5 октябр ҷорӣ шуда, мебоист 23 декабр ба анҷом мерасид, боз 30 рӯзи дигар, то 22 январи соли 2021 тамдид кард. Ҳукумат аз Палатаи вакилон хоҳиш кардааст, ки ин қарорро тасдиқ кунад.
Дар 85 минтақаи Русия шабонарӯзи гузашта 28 214 сироятшудаи нав ба қайд гирифта шуд, ки 18,6 дарсади онҳо аломати беморӣ надоштанд. Дар 24 соат аз ин беморӣ 587 нафар фавтиданд ва беш аз 26,4 ҳазор нафар шифо ёфтанд. Дар шумори бештари мубталоёни нав шаҳрҳои Москав (6711, қариб 1700 нафар бештар аз шабонарӯзи гузашта), Санкт-Петербург (3763), Подмосковйе (1471), вилоятҳои Нижегород (496), Архангелск (399), Свердлов (397), Воронеж (389) ва Ростов (387) мебошанд. Аз ҳама камтар сироятшудагони нав дар Вилояти мухтори Яҳудӣ (30), Чукотка (9) ва округи мухтори Ненетс (6) сабт шудаанд. Аз оғози ҳамагирӣ дар Русия 2 791 220 гирифторон ба коронавирус сабт шуданд, ки 49,1 ҳазор нафари онҳо ҷон бохтанд ва 2,2 миллион нафа шифо ёфтанд.
Қазоқистон аз сирояти боз 690 нафар хабар дод. То кунун дар ин кишвар 145 213 нафар ба ин беморӣ сироят шудаанд.
Дра Қирғизистон то 18 декабри соли равон 78 679 ҳодисаи гирифторӣ ба Covid-19 сабт шудааст. Аз ин беморӣ 1 324 нафар фавтидаанд. Тибқи омори имрӯз бо 3 нафар аз ин беморӣ фавтиданд.
Шумори мубталоён ба коронавирус дар Ӯзбекистон ба 75 675 (+137) нафар расидааст. То кунун аз ин беморӣ 612 нафар фавтидаанд.