Созмони ҷаҳонии тандурустӣ хабар дод, ки шумори гирифторон ба КОВИД-19 дар олам ба 74 миллиону 534 ҳазору 317 нафар расидааст. Танҳо шабонарӯзи гузашта бо 259 ҳазору 904 мубтало ба ин вирус шуданд. Бар асари ин беморӣ 1 миллиону 655 ҳазору 226 нафар ҷони худро аз даст доданд. Ин замон дар бемористонҳои олам 107 ҳазору 525 нафар дар ҳоли вазнин қарор доранд. Ин манбаъ шумори муолиҷашудагон дар оламро 52 миллиону 372 ҳазору 695 нафар эълон кард.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон хабар дод, ки шумори сироятшудагон ба КОВИД-19 аз 12,8 ҳазор нафар боло рафтааст. Шабонарӯзи гузашта 38 ҳодисаи нави сироят ба ин беморӣ ба қайд гирифта шуда, то кунун аз он 12 253 (95,6%) шифо ёфтаанд ва 89 нафар фавтиданд.
Кишврҳое, ки шумори бештари мубталоён ба коронавирус доранд:
ИМА — 17 392 618
Ҳиндустон — 9 951 072
Бразилия — 7 042 695
Русия — 2 734 454
Фаронса — 2 409 062
Туркия — 1 928 165
Дар Британияи Кабир озмоиши клиникии воксан аз COVID-19, ки ширкати шотландии Valneva SE омода кардааст, оғоз шуд.
Дар қаламрави Олмон аз 16 декабри соли равон карантин эълон шуд ва он то 10 январи соли 2021 идома хоҳад кард. Танҳо мағозаҳои ғизофурӯшӣ, зоологӣ, дӯконҳои рӯзномаву маҷаллаҳо, бозорҳои арча ва дорухонаҳо бозанд. Кӯдакистонҳо, мактабҳо, мағозаҳои ғайриниёзи аввал, қаҳвахонаву тарабхонаҳо ва толорҳои намоишӣ куллан бастаанд.
Ҳукумати Испания ба мақомоти минтақавӣ иҷозат дод, ки маҳдудиятҳо дар остона ва рӯзҳои ҷашни Крисманро ҷиддитар кунад.
Фаронса дуввумин инзивоъи миллиро бо қуюди шабгардӣ иваз кард. Сокинон дар саросари ин кишвар аз соати 20:00 то 06:00 наметавонанд аз хонаҳои худ бидуни иҷозаи расмӣ берун раванд. Аммо рӯзона дигар онҳо барои берун рафтан иҷозатномаи хаттӣ намегиранд. Дар остона ва рӯзҳои ҷашни Крисман қуюди шабградӣ сарфи назар мешавад, вале он дар Соли нав боқӣ мемонад. Барҳо ва тарабхонаҳо ҳаддиақал то 20 январ баста хоҳанд монд.
Ҳукумати Дания ба қароре омад, ки аз имрӯз, панҷшанбе дар доираи мубориза бо густариши коронавирус ҳамаи мағозаву дӯконҳо ва бозорҳо ва марказҳои савдоро бубандад. Аз 21 декабри соли равон дар мактабҳо таътил эълон мешавад, сартарошхонаҳо, ороишхонаҳо низ кор намекунанд.
Ҷумҳурии Чех панҷ намуди воксан бар зидди коронавирусро ба даст хоҳад овард. Воксанзании аҳолӣ, ки қарор аст аз моҳи январ ва феврал оғоз шавад, ихтиёрӣ хоҳад буд. Аммо сокинон ҳақи интихоби намуди восан надоранд. Инро барои онҳо духтури муолиҷ интихоб мекунад.
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз сокинони Аврупо даъват кардааст, ки ҳатто вақти ҷашни Крисман дар хонаводаҳо бдоштани ниқобро фаромӯш накунанд. СҶТ гуфтааст. Ки Аврупоро дар аввали соли 2021 маҷи нави сироят ба коронавирус интизор аст, аз ин рӯ даъвати хешовандон ва дӯстон дар ҷашнҳои Крисман ва Соли нав хатари зиёд ба сироят ба КОВИД-19 дорад.
Шабонарӯзи гузашта дар Русия боз 26 509 мубталои нав ва 596 фавтида ба коронавирус ба қайд гирифа шуд. Аз аввали ҳамагирӣ шумори гирифторон дар ин кишвар 2 миллиону 734 ҳазору 454 нафарро ташкил додааст.
Дар Қазоқистон шумори мубталоён ба COVID-19 ба 143 735 расида, 2152 нафар ҷон бохтаанд.
Дар Қирғизистон ҳамоно вазъи эпидемиологӣ вахим буда, то кунун 78 151 нафар чун сироятшуда ба коронавирус ба қайд гирифта шудаанд. Танҳо шабонарӯзи гузашта дар ин кишвар боз 241 мубталои нав сабт шудааст.
Шумори гирифторон ба КОВИД-19 дар Ӯзбекистон ба 75 396 расидааст. Ҳодисаҳои нави сироят ба ин вирус дар вилоятҳои Қашқадарё (1), Андиҷон (3), Ҷумҳурии Қароқалпок (4), вилояти Тошканд (25), шаҳри Тошканд (122) ба қайд гирифта шудааст. аз оғоз то ба имрӯз 612 нафар ҷон бохтаанд.