16 декабри соли 2020 таҳти раёсати Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода ва иҷрокунандаи вазифаи ҳамоҳангсози доимии СММ ва роҳбари Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Кристина Транки бо иштироки намояндагони вазоратҳои маориф ва илм, кишоварзӣ, Созмонҳои байналмилалӣ, аз қабили Барномаи Умумиҷаҳонии Озуқаворӣ, Агентии Оғохон оид ба Муҳити зист, Лоиҳаи миллии идоракунии хавфҳои офатҳо ва Федератсияи Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, ҷаласаи ниҳоии Гурӯҳи арзёбӣ ва ҳамоҳангсозии сареъ дар ҳолатҳои фавқулодда (РЕАКТ) баргузор гардид.
Дар рӯзнома масъалаҳои вокуниш ба пешгирии паҳншавии минбаъдаи сирояти коронавирус, нақшаи ҳолатҳои фавқулоддаи байниидоравии РЕАКТ оид ба вокуниш ба ҳолати фавқулодда нишон дода шуданд. Ҳисобот дар бораи корҳои анҷомдода дар ин ду самт ва пешниҳодҳо оид ба беҳтар намудани вазъ дар оянда шунида шуданд.
Бояд қайд кард, ки ҷаласаи РЕАКТ инчунин фосилавӣ, онлайн баргузор гардид, ки дар он тақрибан 30 нафар иштирокчиён аз ташкилотҳои гуногуни байналмилалӣ, аз қабили Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид, Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ), Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ ва рушд, Бонки Ҷаҳонӣ ва ғайра ғоибона ширкат карданд.
Раиси Кумита дар сухани ифтитоҳии худ таъкид кард: "Иҷрои вазифаҳои дар ҷаласаи қаблӣ оид ба пешгирии паҳншавии минбаъдаи сирояти коронавирус ва дар ҳолатҳои офатҳои табиӣ расонидани кӯмак ба ниёзмандон, ин бояд чун шиор дар кори минбаъдаи муштараки мо боқӣ бимонад."
Роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ бо мақсади таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо, хусусан бо назардошти вазъи кунунии коронавирус дар кишвар ва дар маҷмӯъ дар ҷаҳон ҳамнаво буданд.
Дар поёни ҷаласа иштирокчиён самтҳои афзалиятноки кори муштарак оид ба вокуниш ба пешгирии паҳншавии минбаъдаи ҳамагирии COVID-19 ва расонидани кӯмаки имконпазир дар ҳолатҳои офатҳои табииро муайян карданд.