Covid-19: Шумори гирифторон дар олам ба 74 миллион наздик мешавад. Сарвазири Италия аз ҳамватанонаш хост ба “таҷлили солинавии бидуни шароб ва ҷамъомадҳову бӯсу канорҳо” омода бошанд

Шумори гирифтрон ба КОВИД-18 дар олам ба 73 миллиону 877 ҳазору 114 нафа расид. Аз ин беморӣ 1 миллиону 643 ҳазору 191 нафар ҷон бохтаанд. То кунун аз муолиҷаи пурраи 51 миллиону 890 ҳазору 775 нафар хабар дода мешавад. Дар бемористонҳои олам 117 ҳазору 877 нафар дар ҳоли вазнин қарор доранд. 48% ҳодисаи мубталоӣ ба кишварҳои ҳавзаи Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ (240 197), минтақаи Аврупо (188 227) ва Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (32 028) рост меояд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон аз ифшои он 36 сироятшудаи ав хабар дод. Шабонарӯзи гузашта ҳолати  марг бар асари коронавиурс ба қайд гирифта нашуд. То кунун 12 777 нафар чун сироятшуда ба қайд гирифта шудааст. Дар вилояти Суғд коҳиши шумори сироятёфтагон мушоҳида мешавд. Дар як ҳафтаи охир дар вилоят ягон ҳодисаи нави сироят ба КОВИД-19 сабт нашудааст.   

Ҷаҳиш (мутатсия)-и нави коронавирус, ки дар Британияи Кабир кашф шуд, кибарои инсон хатароти чандоне надорад, ҳарчанд метавонад нисбатан сироятшаванда бошад. 

Ҳукумати Норвегия бо нигаронӣ аз авҷи коронавирус маҳдудиятҳо дар ҳамагириро то миёнаҳои моҳи январи соли оянда тамдид намуд.

Сарвзири Шветсия  Стефан Левен иқрор шуд, ки мақомоти тандурустии ин кишвар, ки дар мавҷи аввал тавсия доданд, ки ба ҷорӣ намудани локдаун ниёзе нест, дар мавҷи дуюм сахт иштибоҳ карданд. Танҳо моҳи ноябр дар ин кишвар 8088 ҳолати марг бар асари коронавирус ошкор шуд, ки баландтарин нишондиҳандаи маргумир дар Шветсия будааст.

Аз он ки дар Италия аз моҳи марти соли равон баландтарин сатҳи маргумир аз КОВИД-19 ба қайд гирифта шудааст, сарвазири ин кишвар Ҷузеппе Конте ба ҳамватанони худ маслиҳат дод, ки ба “таҷлили солинавии бидуни шароб ва ҷамъомадҳову бӯсу канорҳо” омода бошанд. Дар бисёре аз қисматҳои мамлакат қисмат локдаун ҷорӣ шуда ва равуо миёни минтақаҳо аз 21 декабри соли равон то 6 январи соли оянда манъ шудааст. Ғайр аз ин сокинон иҷозат надоранд дар рӯзҳои Крисман ва Соли нав аз хонаҳои худ бе зарурат берун бароянд. Аз соати 22:00 то 05:00 қуюди шабгардӣ ҷорӣ мешавад.  Ҳарчанд ба калисоҳо иҷозат дода шудааст, ки дарҳои худро набанданд, амалан қуюди шабгардӣ ба он маъност, ки муноҷотҳои анъанавии нимишабӣ лағв карда мешаванд. Дар мавриди бозорҳои барои итолявиҳои маҳбуби крисманӣ инро метавон гуфт, ки онҳо кайҳо барои ҳадафҳои пешгирона лағв шудаанд. 

15 декабр Фаронса низоми инзивоъро, ки аз 28 ноябр ҷорӣ карда буд, лағв намуд. Вале боз ҳам бисёре аз маҳдудиятҳои шадид боқӣ мемонанд. Агар пештар барои аз хона берун шудан иҷозаи хаттӣ лозим буд, ҳоло ин талабот бекор карда шуд, вале аз соати 20:00 то 06:00 қуюди шабгардӣ ҷорист, ҳатто онро барои ҷашни Соли Нав ҳам лағв накарданд. Танҳо дар остонаи Крисман муваққатан амали он боздошта мешавад. Театрҳо, синамохонаҳо, барҳо ва тарабхонаҳо ҳамоно баста хоҳанд буд.  

Олмон дар рӯзҳои ҷашни Крисман маҳдудиятҳои шадиди карантинӣ ҷорӣ мекунад. Ин кишвар мегӯяд ҳафтаи охир шумори бештари сироятёфтагон ба қайд гирифта шудаанд ва ин хеле нигаронкунанда мебошад. Локдаун аз 16 декабр то 10 январ идома мекунад ва ҳамаи мактабҳо ва ксари мағозаҳо баста мешаванд. Садриаъзами Олмон Ангела Меркел гуфта буд, ки равуо дар рӯзҳои ид боиси афзоиши беморӣ мешавад. Тибқи қарори нав рӯзҳои иди Крисман ва Соли нав танҳо қабули 4 нафар хешовандону дӯстон ба теъдоди номаҳдуди бачаҳои то 14-сола иҷозат аст. Бонкҳо ва мағозаҳое, ки молҳои ниёзи аввал тиҷорат мекунанд, боз хоҳанд буд, ҳамчунин фурӯши арчаҳои солинавӣ низ иҷозат аст.

Ҳукумати Латвия аз 21 декабри соли равон муддати се ҳафтаи оянда маҳдудиятҳои нав ҷорӣ хоҳад кард.

Дар Миср бар асари КОВИД-19 6 943 нафар фавтиданд ва 122 086 нафар сироят шуданд.

Дар Марокаш аз коронавирус  6 659 нафар ҷон бохтаанд.

Дар Русия мӯътадилшавии афзоиши ҳаррӯзаи ҳолатҳои нави коронавирус ба қайд гирифта мешавад, аммо паҳншавии он дар минтақаҳо зиёд аст, гуфт роҳбари Роспотребнадзор Анна Попова дар шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба мубориза бо Covid-19.

Ба ҳисоби миёна, дар як шабонарӯз ба 100 ҳазор нафар 18,2 ҳолат ошкор карда шуд. "Аммо паҳншавӣ дар минтақаҳо - аз 2,5 дар Тотористон то 70,14 ба 100 ҳазор нафар аҳолии Санкт-Петербург мебошад, ки нигаронкунанда аст”, -  шарҳ дод Попова.

Вазъи эпидемиологии паҳншавии коронавирус дар Қирғизистон шадид боқӣ мемонад. Инро 15 декабр муовини вазири тандурустии ҷумҳурӣ Нурболот Усенбоев дар брифинг изҳор дошт. Вазъияти шадидтарин дар Бишкек, вилоятҳои Чуй, Иссиқкӯл ва Ҷалолобод ба назар мерасад. То 15 декабр дар Қирғизистон 77 910 ҳолати сирояти коронавирус ва пневмония бо нишонаҳои сирояти коронавирус, аз ҷумла 236 нафар дар як рӯзи охир ошкор карда шуд.

Шумори гиифторон ба коронавирус дар Ӯзбекситон ба 75 241 (+147) нафра расид. Шабонарӯзи гузашта дар муассисаҳори тиббии ин кишвар 154 нафар муолиҷа шудаанд. То кунун аз ин беморӣ 72 522 нафар шифо ёфтаанд.