Шумори сироятшудагон ба КОВИД-19 дар олам ба 70 миллиону 720 ҳазору 814 нафар расид. Зарфи як шабонарӯзи гузашта бо 198 ҳазору 085 нафар ба Covid-19 мубтало шуданд. То кунун аз ин бемории маргбор дар олам 1 миллиону 588 ҳазору 444 нафар ҷон бохтаву аз он 49 миллиону 148 ҳазору 966 нафар ҷон ба саломат бурдаанд. 106 ҳазору 822 нафар ба беморхонаҳои олам дар ҳоли вазнин қарор доранд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон шоми гузашта хабар дод, ки боз 37 сироятшудаи нав ба КОВИД-19 сабт шуда, шумори умумии гирифторон ба 12 588 нафар расидааст. Ин манъба гуфтааст, ки то кунун аз ин беморӣ дар кишвар 12 009 (95,4%) нафар шифо ёфтаанд.
Шаш кишвари олам, ки беш аз 2 миллион сироятшуда ба Covid-19 доранд:
ИМА — 16 039 393
Ҳиндустон — 9 796 992
Бразилия — 6 783 543
Русия — 2 569 126
Фаронса — 2 337 966
Британияи Кабиря — 1 787 783
Ҳукумати Фаронса аз 15 декабри соли равон барои ҷиддият бахшидан ба мубориза зидди коронавирус қуюди шабградӣ эълон мекунад. Акнун сокинон аз соати 20:00 (на 21:00, қи қаблан эълон шуда буд) ҳақи гаштугузор нахоҳанд дошт. Ҳатто шаби Соли нав ҳам низоми қуюди шабгардӣ лағв нахоҳад шуд. Вале ба тариқи истисно он Шаби Крисман аз бегоҳии 24 декабр амал нахоҳад кард.
Финляндия маҳдудиятҳо зидди коронавирусро то 12 январи соли 2021 дар марзҳояш тамдид кард. Шаҳрвадони бисёре аз мамолики хориҷӣ ва ҳамсоягонаш, аз ҷумла Русия наметавонанд ба ин кишвар ворид шавад.
Дар Шветсия шабонарӯзи гузашта аз COVID-19 96 нафар фавтиданд. То кунун бар асари ин беморӣ дар ин кишвар 7 354 нафар ҷони худро аз даст доданд.
Парламони Ҷумҳурии Чех амали ҳолатҳои фавқулода дар кишварро то 23 декабри соли равон тамдид кард.
Ҳукумати Белорусия тасмим гирифт хуруҷи шаҳрвандонаш ба хориҷи кишварро ба сабаби авҷи коронавирус манъ кунад. Хуруҷ аз кишвар танҳо аз роҳҳои заминӣ ва гузаргоҳҳои марзии заминӣ манъ хоҳад шуд.
Ҷопон аз сирояти боз 2 898 нафар ба коронавируси нави КОВИД-19 хабар дод. Мақомоти мегӯянд ду шабонарӯзи охир дар ин кишвар пайи ҳам шумори сироятёфтагони нав ба шиддат меафзояд. Бештари мубталон ба коронавирус сокинони Токио мебошанд.
Пулис дар музофоти Сичуани ҷанубу ғарбии Чин мардеро, ки дар паҳн кардани маълумоти шахсӣ дар бораи беморони COVID-19 дар Интернет муттаҳам мешавад, ҷаримаи маъмурӣ кард. Ин мард дар шабакаи иҷтимоӣ аксеро нашр кардааст, ки дар он маълумоти шиносоӣ ва ҳаракатҳои ҳамарӯзаи як зане, ки мубталои COVID-19 мебошад, ҷой доштааст.
Аргентина бо Русия барои дарёфти воксани зидди коронавирус муоҳада имзо кард.
Зарфи як шабонарӯзи гузашта дар қаламрави 85 минтақаи Русия 27 927 ҳодисаи гирифторӣ ба COVID-19 сабт шудааст. Суръати афзоиши беморӣ 1,1 дарсад боло рафтааст.
Дар Русия низоми худинзивоъ барои гурӯҳҳои осебпазир, кори фосилавӣ барои 30% кормандони ширкатҳо, манъи фаъолияти ҳамаи муассисаҳое, ки шабона кор мекунанд (тарабхонаҳо, барҳо, қаҳвахонаҳо ва клубҳо) аз ҷумлаи маҳдудиятҳои амалкунандаи коронавирусӣ дониста мешаванд.
Роспотребнадзор ахиран тавсия дод, ки дар арафаи Соли нав шаҳрвандон аз сафар ба хориҷи кишвар худдорӣ кунанд, иртиботҳои худро бо шахсони дигар маҳдуд намоянд, ба ҷойҳои пурҷамъият ва чорабиниҳое, ки ҳатто дар иншоотҳои боз мегузаранд, нараванд, фосилаи иҷтимоии якуним- ду метрро риоя намоянд, хеле зиёд ба меҳмонӣ нараванд, дар ҳама ҷо ҳатман ниқоби ҳимоявӣ дошта бошанд.
Зарфи як шабонарӯзи гузашта дар Қазоқистон 777 ҳодисаи нави гирифторӣ ба коронавирус ошкор шудааст. То кунун аз ин беморӣ дар ин кишвар 123 215 шифо ёфтаанд.
Дар Қирғизистон дар як шабонарӯз 379 ҳодисаи гирифторӣ ба COVID-19 ошкор шудааст. Аз аввали ҳамгирӣ дар ин кишвар 76 391 нафар мубтало шуданд.
Шумори сироятшудагон дар Ӯзбекистон ба 74 498 (+146) расидааст.