“Селфиро дӯст медошт”: Модел аз зарби қувваи барқ ҳалок шуд. Ҳангоми шустушӯ дар ванна телефон аз дасташ раҳо шудааст.

Дар Архангелск сокинон бо духтари 24-солае видоъ карданд, ки аз қувваи барқ ба ҳалокат расидааст. Гуфта меҳшавад, ки ин духтар дар ваннаи манзили худ шустушӯ мекардааст ва даст чун одати ҳамеша телефон доштааст. Тасодуфан телефон, ки ба барқ пайваст буду пур мешуд, аз дасти Олеся раҳо шудааст ва расиши қувваи барқ дар як лаҳза духтарро куштааст.

Хабаргузориҳои Русия, ки ин рӯйдодро пӯшиш додаанд, мегӯянд ин духтари 24-сола дар як салон ба сифати фурӯшанда-мушовир кор мекард. Ӯ ҳар рӯз чандин бор дар шабакаҳои иҷтимоӣ расмҳои худро мегузошт.

- Бале, ӯ ҳалок шуд. Замоне буд, ки телефон ба об афтоду Олеся дар ванна шустушӯ мекард, - басо тунд посух додааст ҳамсояи ӯ дар суҳбат бо "КП-Петербург".

Хешовандони Олеся гуфтаанд, ки қалби волидонаш аз ин хабари мудҳиш шикаста шудааст. Моро бубахшед, ки дар ин лаҳзаҳо ҳарфи гуфтание намеёбем”.

Телефон ҳоло ягона фарзия дар марги ин модел аст. Раёсати тафтишот дар вилояти Архангелск парванда боз кардаву ҳама фарзияҳои дигари эҳтимолиро низ мавриди тафтиш қарор додаат.

Замоне расидааст, ки мо бе телефонҳои мобилӣ ҳаёти худро тасаввур намекунем. Аммо ҳар кор меъёру ҳар амал қоидаҳои худро дорад. Телефон садҳо мушкили моро осон мекунад. Вале дар ҳоли риоя накардани одитарин қоидаҳои телефондорӣ метавонад ба ҳаёти мо зарар расонад.

Қоидаҳои муносибат бо телефон хеле зиёданд, ки дар мавриди муносиб матлабе дарҷ хоҳем кард. Вале ҳоло ба ҷавонон рӯ меорем: ЭҲТИЁТ КУНЕД! Селфӣ лаҳзаҳои таърихии ҳаёти шуморо сабт мекунад. Вале он на ҳамеша хуб аст. Риштаи ҳаёти ин духтари зебо замоне канда шуд, ки телефонаш дар ваннаи пуроб афтод ва барқи он ӯро ларзонду кушт. Пас бояд дар чунин  мавридҳо хеле эҳтиёткор шуд.

Селфӣ ҳам ҷоеву замоне дорад!

барчасп: