Ифшои як сироятшуда ба коронавирус сабаб шуд, ки киштии гардишии Quantum дубора ба бандари Сингапур баргардад

Киштии гардишии Quantum аз сабаби пайдо шудани як мусофири сироятшуда ба коронавирус SARS-CoV-2 ба сафар идома намедиҳад, балки ба бандари Сингапур бармегардад. Дар ин бора субҳи имрӯз ширкати Royal Caribbean, ки киштии Quantum марбути он аст, эълон кард. Хабаргузории давлатии Русия ТААС истинодан ба мақомоти расмии Сингапур хабар дод, ки дар ин киштии гардишӣ ҳудудан ду ҳазор нафар сафар доштанд ва ҳоло ягон нафари онҳо иҷозаи фуруд омадан аз киштиро надоранд.

Ин киштӣ бо ҳама таҷҳизоти озмоишии тиббӣӣ барои роҳандозии тестҳо ба коронавирус ва муолиҷа муҷаҳҳаз мебошад. 

Quantum аз бандари Сингапур се рӯз пеш равон шуда буд. Ҳоло ин киштӣ ба бандари ягон кишвари дигар ҳақи вуруд ва ист надорад. 

Киштии градишӣ (анг. Cruise ship) навъе киштии мусофирӣ аст, ки  барои сафарҳои тафреҳӣ истифода мешавад.

барчасп: