Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шумори беморони мубтало ба КОВИД-19 дар оламро субҳи имрӯз 67 миллиону 939 ҳазору 562 нафар эълон кард. То кунун аз ин вирус 1 миллиону 550 ҳазору 272 нафар фавтиданд. Шумори муолиҷашудагон 47 миллиону 024 ҳазору 250 нафар буда, ҳоло ба бемористонҳои олам 106 ҳазору 287 нафар дар ҳоли вазнин қарор доранд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон шумори гирифторони ба КОВИД-19-ро дар кишвар 12 469 нафар эълон кард. Аз ин беморӣ то кунун 11 881 нафар муолиҷа шудаанд.
Шӯрои Иттиҳоди Аврупо ба кишварҳои узви ин иттиҳод иҷозат дод то охири соли 2022 воксан аз коронавирус, тестҳо ба COVID-19 ва молҳои ниёз ба эмкуниро аз андози арзиши изофа (НДС) озод кунанд.
Президенти ИМА Доналд Тромп мехоҳад дастур диҳад, ки Вашингтон воксан аз коронавирусро то даме, ки кулли шаҳрвандони ИМА эм карда нашаванд, ба кишвари дигар надиҳад.
Британияи Кабир аввалин кишвари ғарбие шуд, ки эмкунӣ ба коронавирусро оғоз намуд. Аввал гурӯҳи хатар ва шахсони осебпазир эм карда мешаванд. Тибқи дастур аввал солмандон эм карда мешаванд ва баъдан дигарон. Дар ин кишвар воксани ширкатҳои Pfizer ва BioNTech истифода мешавад.
Дар Фаронса дар замони ҳамагирӣ аз коронавирус 55 221 нафар ҷон бохтанд. Танҳо шабонарӯзи гузашта аз ин беморӣ 366 нафар фавтиданд.
То 7 декабри соли равон дар Италия аз КОВИД-19 60 606 нафар ҷон додаанд ва шабонарӯзи сипаришуда шумори фавтидагони нав 528 нафар эълон шуд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Федералии Олмон бо сарварии Ангела Меркел ният дорад баъди соли нав дар саросари кишвар тадбирҳои шадиди карантинӣ ҷорӣ кунад.
Юнон то 7 январи соли оянда карантинро тамдид кард. То ин замон ҳамаи мактабҳо, марказҳои дилхӯшӣ, муассисаҳои хӯроки умумӣ, додгоҳҳо ва марказҳои лижаронии кӯҳӣ баста хоҳанд монд. Дар баргузории чорабиниҳои варзишӣ низ маҳдудиятҳое, ки кумитаи тандурустии ин кишвар тавсия додааст, боқӣ мемонанд.
Дар Туркия дар як шабонарӯзи гузашта 32 137 нафар чун сироятшудаи нав саб шуданд.
Дар яке аз бемористонҳои шаҳри Пешовари Покистон бар асари нарасидани оксиген 6 тан гирифторони КОВИД-19 фавтиданд. Таъхир дар овардани балонҳои оксиген ба ҳадде мушкил овард, ки бештар аз 200 бемори мубтало ба коронавирус дар вазъи мудҳиш қарор гиранд.
Дар ҳамаи минтақаҳои Русия шабонарӯзи гузашта 28 142 мубталои нав ба қайд гирифта шуд, дар 20,6 дарсади онҳо аломатҳои COVID-19 дида намешуд. Дар 24 соати гузашта аз ин беморӣ 456 нафар фавтиданд.
Дар беморхонаҳои Қазоқистон 14 096 нафар ба табобат фаро гирифта шудаанд, ки 1 010 нафари онҳо кӯдакон мебошанд. Дар ин бора Вазорати тандурустии Қазоқистон иттилоъ дод.
Шумори сироятшудагон ба коронавирус дар Ӯзбекистон ба 74 053 (+149) рисдааст. 28 нафар дар вилояти Тошканд, 105 нафар дар шаҳри Тошканд, 2 нафар дар вилояти Қашқадарё, 5 нафар дар вилояти Намангон, 3 нафар дар вилояти Хоразм, 4 нафар вилояти Андиҷон чун сироятшудаи нав сабт шудаанд.