Беш аз 20 миллион сироятшуда ба COVID-19 дар олам. Дар Тоҷикистон гирифторон ба коронавирус ба 7785 нафар расидааст. Вазорат мегӯяд 6573 шифо ёфтаанд

То 10 августи соли равон дар олам 20 024 265 ҳодисаи сироят ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Танҳо зарфи як шабонарӯзи гузашта дар саросари олам 72 ҳазору 599 нафар ба ин беморӣ сироят шудаанд.  Аз оғоз то ба ин дам аз КОВИД-19 дар кишварҳои дунё 733 ҳазору 995 нафар ба ҳалокат расидаанд. Шабонарӯзи гузашта бар асари коронавирус 1 ҳазору 766 нафар ҷони худро аз даст доданд.

То 10 августи соли равон аз сироят ба ин вирус 12 миллиону 898 ҳазору 238 нафар шифо ёфтаанд.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон   шабонарӯзи гузашта дар кишвар 40 нафар чун сироятшудаи нав ба қайд гирифта шудаанд. Тибқи иттилои ҳамин манбаъ теъдоди гирифторон ба КОВИД-19 дар Тоҷикистон ба 7785 нафар расидааст.

То рӯзи  9 август дар мамлакат 6573 (84,4%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта, бар асари он 62 нафар фавтидаанд.