Дар ин айём мардумон дар боғҳо сайругашти идона намуда, духтарон дар шохаҳои дарахт бо белинчак бод мегирифтанд, ки ин манзара хеле ҳам зебову хотирмон буд. Либосҳои идонаи занон нисбат ба либосҳои мардона фарқе доштанд. Мардон тоқии чоргул ба сар мегузоштанд, ки он рамзи чор фаслро дошт. Лекин занон, ки ба монанди табиат офаридагор буданд, дар матоъҳои либосҳояшон гулҳои табиатро нақшбардорӣ мекарданд. Махсусан занон дар рўзи Наврўз либоси сафеди парпар рамзи гулпӯш шудани табиатро ба бар менамуданд. Мутаасифона, имрӯзҳо ин либосро бо либосҳои итолиявиҳо шабоҳат медиҳанд, лекин дар асл ў моли мост, ки занон онро дар замони ориёӣ ба бар менамуданд.
Иди Навўзро аз қадимулайём аҷдодони мо ҷашн мегирифтанд. Вале мутаасифона муддати 70 – сол аз ҷашн гирифтани ин ид бо сабабҳои мухталиф дур монданд. Дар ин муддат танҳо дар куҳистон баъзе анъанаҳои наврўзиро ҷашн мегирифтанд.
Анъанае ба номи «Даҳи наврўз”, ки он аз хонабарорӣ ва такондани ҷиҳозҳои хона оғоз мегардид. Мардум деворҳои хонаро сафед намуда, дару тирезаҳоро мекушодаанд. Ҳамзамон ба хона хандаи хуршедро бо нурҳои тилорангаш медароварданд, ки давоми сол хона пур аз садои хандаву рангоранг аз нури зиндагӣ бошад. Онҳо дегу табақи миссини хонаро бо регҳои обшўстаи соҳил шустушў намуда, соиш медоданд, то ки он зарфҳо ба мисли зарфҳои тиллоӣ ҷило диҳанд. Пас аз чоршанбеи охир то рўзи Навўз гулхан афўхта, дар атрофи гулхан суруду таронаҳои наврўзӣ хонда, чарх мезаданд ва аз болои гулхан ҷаҳида зардии рўйи худро ба гулхан дода аз гулхан гирифтани сурхии рўйро таманно менамуданд. Пас аз анҷоми ин расм мардон сару либос ва ҷомаи худро иваз намуда, бо ҷомаи нав ба Наврўзгоҳ мерафтанд. Онҳо ин иқдомро барои он анҷом медоданд, ки замин дар ин айём ҷомаи нав ба бар менамуд. Ин анъанаро Занону духтарон ҳам такрор намуда, ба рўй сафедию ба лабон сурхӣ молида, бо пӯшидани либосҳои ҳарири баҳорӣ хешро чун маликаи баҳор оро медоданд.
Ҳамзамон ба нўги мўйяшон аз матои сафед ҷамолак бофта, кокулонашонро ба даври доманашон сар дода, худро чун шохаи пур аз гули сурху сафеди себ пероста менамуданд.
Ба ин рафторашон ба ҳусни баҳор ҳусни дигаро зам намуда пайи сузондани ошиқашон ноз мекарданд, ки ин манзараро Устод Лоиқ дар шере чунин овардаанд.
Кӯҳҳо ҷомаи атлас пӯшанд,
Духтарон махзани дил боз кунанд.
Остин барзада то соатгоҳ,
Паи сўзондани мо ноз кунанд.
Сарлашкарон пайи хифзу ҳимояи марзу буми Ватан дар назди гулхани оташ савганд ёд менамуданд. Ва қалбу нияти хешро бо оташу об пок намуда. ин маросимро дар айёми Наврўз ба ҷо меоварданд, ки ин хосияти нек дошт.
Занону мардон гулгардони намуда, дар васфи Наврӯз шеъру тарона мехондаанд ва илҳоми шоирон чун чашмаҳои баҳорӣ ҷӯш зада, онҳо бо забони шеър гулдухтарони зеборо аз зери шабкураки чатрҳо ба берун баромадан даъват менамуданд ва барои шеърҳои баландмазмунашон аз ҷониби шоҳ инъом мегирифтанд. Гўиё бар чӯбу қаламчӯби шоир ҳам Наврўз меомад. Чуноне, ки шоир Бозор Собир овардааст.
Аз таги шабкураки чатрат баро хушрўи ман,
Бар қаламчӯби ману бар чӯб Навўз омада.
Дар солҳои пешин анаънаи дигаре ҳам буд, ки дар ин айём сару либоси даридаи як сағираи нодорро бо дору чун тири туб сохта, онро ба дурӣ мепаронданд. Пас аз дар гирифтану сӯхтани он либосҳо онҳо камбағалию нодориро дур сохта дороиро талаб менамуданд.
Маросими тайёр намудани суманак як анъанаи ба худ хос дошт. Дар гирди деги суманак занону духтарони зебо ба абрўвонашон усмаи тар кашида, худашонро бо либосҳои идона ва зарру зевар ороиш медоданд. Мардони муҷаррад ва ҷавонони наврас бо имову ишора ба онҳо хушдорӣ менамуданд. Ва бисёрии онҳо дар ин рўз хушдоронии худро дарёфта зиндагониашонро оғоз менамуданд. Ин манзараро шоири машҳури мо Лоиқ ин тавр ба қалам додаст.
Боз ҳушёрони навдилбохта бо ҷӯши ишқ,
Бар ду абру усмаи тар мекашанд.
Боз бо чашмони бозингар харидорони ишқ,
Ҳусни ҳар хушдорро бар мекашанд.
Дар ин айём мардумон дар боғҳо сайругашти идона намуда, духтарон дар шохаҳои дарахт бо белинчак бод мегирифтанд, ки ин манзара хеле ҳам зебову хотирмон буд. Либосҳои идонаи занон нисбат ба либосҳои мардона фарқе доштанд. Мардон тоқии чоргул ба сар мегузоштанд, ки он рамзи чор фаслро дошт. Лекин занон, ки ба монанди табиат офаридагор буданд, дар матоъҳои либосҳояшон гулҳои табиатро нақшбардорӣ мекарданд. Махсусан занон дар рўзи Наврўз либоси сафеди парпар рамзи гулпӯш шудани табиатро ба бар менамуданд. Мутаасифона, имрӯзҳо ин либосро бо либосҳои итолиявиҳо шабоҳат медиҳанд, лекин дар асл ў моли мост, ки занон онро дар замони ориёӣ ба бар менамуданд.
Аслан Наврўзро гулдӯзи чаман мехонанд. Агар бонувони мо дар матоъ гулдӯзӣ намоянд, табиат дар фасли наврўз дар замин ба гулдӯзӣ оғоз менамояд. Бод аз насими атромези гул маст гардида, чор тараф мастомаст медавад ва талаб менамояд, ки ба ў тӯёна биёрем. Яъне бод аз тӯйи зебои табиат ва инсон меболад. Ин манзара дар як шеъри устод Лоиқ ин тавр тасвир гаштааст.
Гули бодом шукуфта ба нахуст,
Ҳамчу пайғамбари оғози баҳор.
Бод ҳар суй давад мастомаст,
Талабад аз ҳама туйёна биёр.
Лола ҳамчун гули зебову нодир дар арафаи Нарўз дар саҳро ва дар кӯҳу доманакӯҳҳо сар аз хок берун намуда, замину замонро зебо мекунад.
Дар арафаи Наврўз мардум ба суроғи лола ба дашту доманакӯҳҳо мераванд ва ин рўзро рӯзи сайри гули лола ном мебаранд.
Саидои Насафӣ саҳронишинии гули лоларо ин тавр ба қалам додааст.
Лоларо гуфтам сияҳдил буданат аз баҳри чист.
Гуфт ман саҳронишинам шаҳрро кам дидаам.
Ҳикмати дигари Наврўз ин аст, ки дар ин фасл борони найсон меборад. Ин борон аз боронҳои дигар бо ҳикмати шифоияш фарқ мекунад. Нафарони бемуй дар зери ин борон сари луч мегарданд, то сарашон тар шуда, аз сари нав муй барорад. Ин борон тулонӣ буда, бо садои зангўлааш субҳи содиқ мардумро аз хоб бедор менамояд, то дарашонро кушода аз тақсимоти рисқ бенасиб намонанд.
Борони найсон то саҳар зангўла мезад дар ба дар,
Эй одамӣ аз хоб хез, Наврӯз шуд, Наврўз шуд.
Абрҳои осмон ҳам дар осмон гӯиё Наврўзро истиқбол намуда, гоҳ чамъу гоҳ парешон сайру гашти идона менамоянд. Гунчишкакон пару бол боз намуда, дар фазои бекарон села-села пар мезананд. Абрҳои озар аз хурсандиашон бо тири борон гунҷишкаконро мезананд. Ин манзари дилфиребро Бозор Собир ин тавр ба қалам додааст.
Сайр дорад абри озар
Гоҳ ҷамъу гоҳ парешон.
Селаи гунҷишкҳоро,\
Мезанад бо тири борон.
Чашмаҳо бо обҳои шаффофи худ аз дили замин ҷушида берун омада, ба мисли чашмҳои занон ба чашмакзанӣ медароянд, ки хеле манзараи аҷибу диданист.
Як лаҳза тарки раҳ кун,
Ин чашмаро назар кун,
Ин ҷашма мезанад ҷашм,
Чашми занона дорад.
Хуллас замин дар ин фасли сол чун духтари ҳаждаҳсола аз нав ороставу пироста мегардад. Ва инсону табиат дар ин гўшаи замин аз шодиву бахту саодат туй меороянд.
Тепаҳо гунбаду зангор шаванд,
Чашм ҳайрон шаваду дил вола.
Шавад ороста ин хоки қадим,
Ҳамчу як духтари ҳаждаҳсола.
Мон дар гўшаи зебои замин,
Туйи инсону табиат бошад.
Мон поянда чу кӯҳи тоҷик,
Шодиву бахту саодат бошад.
Ҷалолуддин Нурзода