Иёлоти амрикоии Техас аз обу ҳавои номусоид ранҷ мебарад. Боронҳои шадид муҷиби омадани селҳои азим дар навоҳииЭрат ва Даллас-Форт-Уэрт шуданд. Сел мушкилоти зиёде барои ронандагон эҷод кард ва ҳатто сабабгори аз хати ҳаракат берун шудани қатори боркаш шудааст. Дар ноҳияи Мидленд жолаи сахт борид. Дар ноҳияҳои Бразос ва Сан-Огастин гирдбод хонаҳои мардумро хароб кард.
Сел бисёре аз нуқтаҳои аҳолинишини минтақаро хароб намуд. Бисёр мошинҳо дар самти ҳаракати шаҳри Карролтон – Лаллас дар гирдоби сел монданд. Аз мошинҳои зериобмонда чандин танро наҷот доданд. Дар бораи рӯйдоҳои нохӯш дар минтақаҳои дигар низ гузориш расидааст.
Дар шаҳри Дублин як мошин бо ҷумла одамонаш ба коми сел рафтааст. Дар натиҷа як зан бо ду фарзандаш ба ҳалокат расидаанд. Шавҳари ин зан тавонистаст, худро ба дарахте расонад ва ӯро наҷотдиҳандагон мушоҳида кардаву аз марг наҷот додаанд, хабар медиҳад
Бориши шадиди борон мушкилоти зиёдеро ба фурудгоҳи Даллас/Лав-Филд овардааст. Оби борон ба ҳадде зиёд будааст, ки ҷӯйбори зеризанимӣ тавони интиқоли онро наёфта ва селосо он ба саҳни фурудгоҳ ҷорӣ шудааст.
Дар шаҳри Форт-Уэрт қатор аз хати ҳаракаташ хориҷ ва оташ гирифт. Оташи он ба саисхона бархӯрд ва дар натиҷа се асп ҳалок шуд. Аз хавфи шуълаи оташ сокинони хонаҳои ба он наздик аз манзилҳояшон берун шуданд.
Дар ноҳяиҳои Бразос ва Сан-Огастин гирдбод баъзе сохтмонҳоро вайрон кард. Дар бораи талафоти ҷонӣ хабаре пахш нашудааст.