Баҳор бо боронҳои селосо, раъду барқ, бодҳои сарду шадидаш баъзан ба ҷони одамон хатар меорад. То ин замон мо шоҳиди омадаи селҳои ваҳмовар бар асари боронҳои шадид шудем. Раъду барқро ҳам дидем, садои тундар ҳам моро такон дод. Боди шадидро дидем, ки дарахтонро аз нима ё реша барканд, симчӯбҳоро афтонд. Ва жоларо ҳам дидем, ки киштзорони моро хароб кард, тирезаҳои хонаҳоро ҳам баъзан шикаст. Инҳо хатарҳое ҳастанд, ки ногаҳонӣ меоянд. Аммо одамон бояд омода бошанд. Омодаи ҳифозад аз ҷону моли худ.
Қоидаҳои бехатарие ҳастанд, ки риояи онҳо хатари офатҳоро коҳиш медиҳад. Ин ҷо чанде аз ин қоидаҳоро меорем ва умедворем сокинони кишвар ва меҳмонони арҷманди Тоҷикистон бо риояи онҳо амнияту бехатарии худ ва атрофиёнашонро таъмин мекунанд.
Ҳангоми сел:
- -ҳангоми дарёфти хабари омадани сел бар асари боришоти шадид, аз гаштузор дар шаҳр худдорӣ кунед. Беҳтараш дар хона ва ё ҷойи кор монед, то замоне, ки офат бартараф шавад.
- - агар вақти сел шумо дар кӯча будеду ғофил мондед, пас талош кунед худро ба зудӣ дар паногоҳе паноҳ диҳед. Дар ин ҳолат ҷойи баландтар аз сатҳи обро интихоб бояд кард.
- - агар ҳангоми сел шумо дар нақлиёти шахсӣ будед, мошинро ба канор ронед ва чун ҷойи муносиб ва бехатар пайдо кардед, аз ҳаракат бозистед ва мунтазир бимонед. Чароғакҳои садамавиро рушан кунед ва интизори он бошед, ки сел бигзарад.
-дар ҳоли боло рафтани сатҳи об нақлиётро тарк кунед ва дар бинои канори роҳи сел паноҳ баред.
Ҳангоми боди шадид:
- -ҳангоми шамоли сахт зарур аст, ки хеле ба зудӣ ашёҳои паҳну парешон дар ҳавлӣ ва айвони хонаҳоро ҷамъ оваред ва тирезаҳоро бипӯшед.
- -мошинро дар мошинхона гузоред ва агар мошинхона надоред, пас онро ҷойе гузоред, ки аз дарахтон ва биноҳои ларзону заифниҳод дур бошад.
- -агар ин ҳангом шумо дар кӯча бошед, аз рекломпояҳо, сохтмонҳои таконхӯранда ва биноҳои ноустувор дурӣ ҷӯед. Зери дарахтон намонед, аз зери пулҳо, фалакаҳо, қубурҳои обгузар, хати интиқоли неруи барқ нагузаред ва он он ҷо паноҳ набаред.
Ҳангоми жола:
- -дар ин ҳолат талош кунед агар зарурати ҳатмӣ нест, аз хона набароед. Дар дохили хона дуртар аз тирезаҳои хонаатон бошед. Дар ин лаҳзаҳо аз асбобҳои барқӣ истифода накунед, зеро маъмулан жола бо раъду барқ ҳамроҳ меояд ва ин хатар дорад;
- -агар дар кӯча бошед, талош кунед, ки худро дар паногоҳ гиред. Агар ин гуна имкон нест, паст сари худро аз кубиши жола ҳифозат кунед (саратонро бо дастонатон, сумка ва ё либосатон пӯшед);
- -дар ин ҳол низ зери дарахтон худро паноҳ надиҳед, зеро хатари ба шохаҳои дарахтон бархӯрдаи раъд зиёд аст, аз сӯи дигар жолаи бузург ва боди сарду сахт метавонанд шохи дарахтонро бишкананд;
- -агар дар мошин бошед, ҳаракат накунед, мошинро зуд нигоҳ доред;
- -дар дохили мошин худро аз шишаҳои дари он дур нигоҳ доред, хубтар он аст, ки пушт ба он гардонед, сару рӯй ва чашмонатонро бо дастнатон пӯшед;
- - агар тифлакон ҳамроҳи шумоянд, пас зарур аст бо ҷисми худ онҳоро паноҳ кунед, чашмону сарашонро бо дастонатон ё либосатон пӯшед;
- -дар ҳеч сурате ҳангоми жола аз мошин берун нашавед. Дар хотир дошта бошед, бориши жола метавонад то 15 дақиқа идома дошта бошад;
Қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми раъду барқ:
Ҳангои раъду барқ бештар чароғак хатар дорад. Ғайр аз чароғаки маъмулии рах-рах ва ё шикаста баъзан барқи курашакл – барқи рушноидиҳанда, шинокунанда дар ҳаво ва тарканда ҳангоми бархӯрд бо дилхоҳ ҷисми сахт низ ба мушоҳида мерасад. Чароғак ё барқ боз аз он хатарнок аст, ки ба дунболи оташак садои сахти тундар баланд мешавад.
Дар ин гуна ҳолатҳо чораҳои бехатариро ҷиддан риоя намоед:
- -дар дохили хона ҳама гуна асбобҳои барқиро хомӯш кунед;
- -дар назди тирезаҳо ва дарҳои боз наистед, ба хатҳои қубурҳои обгузар даст нарасонед;
- - бояд тирезаҳои хона ва дарҳоро бипӯшед, то ин барқи курашакл ба он наафтад.
Агар дар кӯча ва ё гулгаштҳо бошед:
- - зери дарахтони қоматбаланд паноҳ набаред, беҳтараш аз онҳо ба масофаи бехатар дуртар равед (аз 30 то 40 метр). Эҳтимоли расидани раъду барқ дар як дарахти хос ба таври мустақим бо баландии он мутаносиб аст. Хатар боз он вақт бештар мешавад, ки дар наздикии тон дарахте бошад, ки аллакай аз раъду барқ зарар дидааст;
- - агар дар кӯча бошед, зуд дар мағозае ё сохтмони дигаре худро паноҳ диҳед, ин гуна биноҳо назар ба истгоҳҳо бештар барои ҳимоя боэътимодтаранд;
- - дӯстдорони моҳидорӣ бояд дар ҳоли раъду барқ фавран даст аз кор боздоранд ва зуд аз соҳили рӯдхонаву канал дур шаванд;
- - беҳтараш ҳангоми раъду барқ агар дар кӯча бошед, телефони ҳамроҳи худро хомӯш кунед.
Донистани ин қоидаҳои бехатарӣ шуморо аз хатарҳо нигоҳ медорад!
Ҳангоми ҳолати фавқулода то телефонҳои
112,
93880 28 19
223 13 11 занг занед.