Прокуратураи Порис сӯхтор дар калисои Нотр-Домро тасодуфӣ медонад, вале фарзияҳои дигарро низ таҳқиқ мекунад

Прокуратураи Порис ахиран эълон кард, ки ҳамоно пойбанди фарзияи сӯхтори тасодуфӣ дар Калисои Нотр-Дом аст. Прокуратураи Порис ҳамчунин гуфтааст, ки бо вуҷуди мушкилот рӯзи чоршанбе  муфаттишон ва таҳлилгарон вориди ин калисо шуда, таҳқиқот анҷом додаанд. “То ҳамин лаҳзаҳо тафтишот нишонеро аз оташзании барқасдонаи калисо пайдо накардааст, аз ин рӯ фарзияи сӯхтори тасодуфӣ ҳамоно боқӣ мемонад”,- омадааст дар изҳороти прокуратураи пойтахти Фаронса.

Ҳамзамон бо ин ин ниҳоди тафтишотӣ гуфтааст, ки фарзияҳои дигари сар задани сӯхтор низ ҳастанд ва тафтиш мешаванд. Ахиран эълон шуда буд, ки ин сӯхтор бар асари расиши кутоҳи ноқилҳо сурат гирифтааст, вале ҳоло тафтишот ин фарзияро исбот накардааст. 

Маврид ба ёдоварист, ки соли гузашта корҳои тармиму таъмир ва навсозии калисо шуруъ шуда буданд. Аммо ин таъмирҳо дар навбати аввал аз боми он оғоз шуданд. 

Хадамоти матбуотии прокуратураи Порис иттилоъ дод, ки дар робита ба сӯхтор бештар аз сӣ нафарро чун шоҳид пурсидаву ба навор гирифтаанд ва рӯзи чаҳоршанбе бошад боз даҳ нафари дигар аз ҷумлаи шоҳидон мавриди пурсиш қарор гирифтанд. Қарор аст имрӯз шоҳидони нав пурсида шаванд. Аксари ин афрод кормандони панҷ ширкате мебошанд, ки саргарми роҳандозии корҳои тармиму таъмир дар калисо мебошанд.

Ин чӣ калисое буд?

Аз берун

Калисои ҷомеъи Норт-Доми Порис (фаронсавӣ:  Notre-Dame de Paris) як калисои басо маъруф дар шаҳри Порис – пойтахти Фаронса аст. Ин калисо дар ҷазираи Сита, дар миёнаи руди Син ва дар минтақаи чаҳорум дар маркази Порис ҷойгир шудааст. Ҳар сол онро 13 ҳазор нафар зиёрат мекунанд.

Бино ба шаҳодати таърихнависон дар маҳалле, ки ҳамакнун ин калисо ҷой гирифтааст, дар асри чоруми милодӣ маъбади ғайримасеҳӣ вуҷуд доштааст. Дар қарни чаҳорум калисои бузург ҷойи он маъбадро гирифт. Ин сохтмон то қарни дувоздаҳум барҷой буд, вале дар он замон шумори аҳолии Порис ба таври ногаҳонӣ боло рафт ва тасмим гирфита шуд калисоро бузургтар созанд. Аз ин рӯ, сохтмони қаблиро хароб карда, дар соли 1163 милодӣ сохтмони ҷадид шуруъ намуданд ва бунёди он қариб ду аср идома дошт. Билохира, соли 1345 ба анҷом расид.


Аз дохил

То муддати тӯлонӣ ин калисо бузургтарин ибодатгоҳи масеҳӣ дар Аврупо буд, вале ҳоло на танҳо дар Аврупо, балки дар худи ҳамин Фаронса калисоҳои бузургтар аз он сохта шудаанд. Аммо аҳамияти он дар ин аст, ки зеботарин асари меъмории готикӣ (сабки меъмории мазҳабӣ, ки дар хидмати калисо қарор доштааст) ба шумор меравад. Барои зебо сохтани он дар дохил ва беруни бино садҳо муҷассамаҳои чӯбиву сангӣ тарошидаанд, ки ҳамаи онҳо дар мавзуъи мазҳабианд.

 Имрӯз ин бино ба ҳадде хароб шуд, ки барои барқарор кардани он миллионҳо доллар бояд масраф шавад. Ва оё имрӯзиён қудрате доранд меъмории қадимро тавре ҳаст барқарор созанд ё на? Посухи ин суол ба оянда аст. Ҳоло он чӣ яқин аст, ин ки ҳукумати Фаронса барои таҷдиди ин бинои таърихӣ иқдом хоҳад кард.

барчасп: