Шумори кушташудагон дар сели азими вилоятҳои Панҷоб, Балуҷистон, Хайбар-Пахтунхваи Покистон ба 39 нафар расид. Бар асари ин селҳо 135 нафар захмӣ шуданд, хабар медиҳад ширкати тлевизионии Geo TV истинодан ба Раёсати миллии бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ (NDMA).
Аз ин пештар хабар дода мешуд, ки бар асари боришоти пуршиддат дар шаҳри Карочӣ ва навоҳии атрофи он 25 нафар ҷон бохтанд.
Ин манбаъ ҳамчунин гуфтааст, ки сел ва боронҳои пуршиддат наздик ба 80 хонаро хароб кардааст. Дар шаҳри Файсалобод дар натиҷаи ин офати табиӣ интиқоли неруи барқ қатъ шудааст. Манбаъ иттилоъ додааст, ки дар айни замон интиқоли барқ аз сар гирифта шудааст.
Гуфта мешавад, ки борони шадид дар минтақаҳои наздик ба шаҳри Карочӣ воқеъ дар ҷануби Покистон шаби якшанбе шуруъ шуда, то субҳи душанбе башиддат идома доштааст. Борони пуршиддат ва тӯфонӣ дарахтон ва симчӯбҳои интиқоли барқро чаппа кардааст. Ҳоло барои тоза кардани ҷодаҳои масдудшуда ва барқарор намудани харобиҳои ин офати табиӣ корҳо идома доранд.
Обуҳавошиносон гуфтааст, ки борон дар Исломобод пуршиддат борид. Дар Панҷоб муҷиби хисороти бештар шуд.