Маҷтамаи варзишии «Олимпийский» дар шаҳри Маскав оташ гирифт. Дар ин бора хабаргузории давлатии Русия ТААС истинодан ба манбаъҳои худ хабар дод. Гуфта шудааст, ки иллати сӯхтор оташ гирифтани кабел будааст. Манбаъ гуфтааст, ки сӯхтор аз ошёнаи шашуми маҷтамаи варзишӣ шуруъ шудааст. Дар айни замон оташ хомӯш карда шудааст.
Гуфтанист, ки аз аввали моҳи январи соли равон маҷтамаи варзишии “Олимпийский” барои таъмиру тармим баста шуда буд. Шаҳрдории Маскав хабар дод, ки ин маҷтама дар оянда низ вазифаи толори азими консертии худро иҷро мекунад, вале ба фарқ аз пештар дар он хонаҳои нави гуногуни варзишӣ пайдо мешавад.
Нафақахӯре, ки мехост алафҳои хушкро оташ занад, ҳалок шуд
Дар рустои Паршинои ноҳияи Горетский, воқеъ дар шимоли Могилёви Белорусия як марди нафақахӯр рустаниҳои хушки атрофи хонаашро оташ задааст. Ҷасади сӯхтаи мардро ҳамсараш дар миёни оташи
алафҳои сӯхта пайдо кардааст.
Бино ба гуориши дафтари матбуотии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия наҷотдиҳандагонро соати 19:39 даъват кардаанд. Онҳо замоне ба макони ҳодиса расидаанд, ки дар майдони 50 метри мураббаъ алафҳои тар ҳам месӯхтанд ва 200 метр дуртар аз хона нишоне аз алафҳои сӯхтаи хушк дида мешуданд.
Ҳамсари ҳалокшуда баъди он ки шавҳарашро миёни оташ дид, мошини ёрии таъҷилиро даъват кард. Вале аллакай дер шуда буд.
Дар хабар гуфта мешавад, ки зарфи як шабонарӯзи гузашта наҷотдиҳандагони ВҲФ Русия дар сар то сари кишвар 36 ҳодисаи сӯхтори алафҳо ва буттаҳои хушкидаро ба қайд гирифтаанд.
Марги халабонҳои чархболи сарнагуншуда дар Аризона
Бар асари сарнагун шудани чархболи неруҳои баҳрии ИМА Bell AH-1Z Viper дар ноҳияи шаҳри Юмаи иёлоти Аризона ду халабони он ҳалок шуданд. Ин чархбол рӯзи шанбе ба замин задааст, вале хабари он имрӯз нашр шудааст.
Хадамоти матбуотии неруҳои баҳрии ИМА гуфтааст, ки чархбол парвози маъмулии омӯзишӣ анҷом медод. Сабаби суқути чархбол ҳоло муайян нашудааст. Манбаъ гуфтааст, ки комисияи махсус иллатҳои ин садамаи маргборро меомӯзад.
23 феврали соли равон ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии Atlas Air дар иёлоти Техаси ИМА сарнагун шуда буд.
Ҳамчунин пештар хабар дода мешуд, ки дар шаҳри Йорба-Линдаи иёлоти амрикоии Калифорния тайёраи думуҳаррикаи Cessna 414A ба бинои дуошёна бархӯрд. Бар асари ин ҳодиса панҷ тан ба ҳалокат расидаву се нафари дигар захмӣ шуда буданд.
Ҳалокати гардишгари рус дар Балӣ
Дар истироҳатгоҳи Балӣ, воқеъ дар маҷмуаҷазираҳои Малоӣ ҷаҳонгарди 25-солаи рус аз шаҳри Волгоград ба ҳалокат расидааст. Дар ин бора ахиран "СоцИнформБюро" истинодан ба хешовандони хонуми ҳалокшуда хабар додааст.
Олга Трушак, сайёҳи рус миёнаҳои моҳи март ба саёҳати Балӣ рафтааст. Хешовандонаш гуфтанд, ки чанд рӯз пештар вай як стунер (заврақи варзишӣ) ба иҷора гирифтаву дар он ба садама дучор шудааст.
То ба ин лаҳзаҳо сабабҳои ин садама ва марги гардишгари рус мушаххас нашудааст. Як ширкати бима интиқоли ҷасади марҳумро аз Балӣ ба Русия ба уҳда гирифтааст.
Гуфтанист, ки Балӣ ҷазираест дар кишвари Индонезия, ки аз марказҳои гардишгарии муҳими ҷаҳон ба шумор меравад. Балӣ ҷазираи худоён, ҷазирае хурде аз бурзуртарин мвҷмаъҷазираҳои олам аст. Ин ҷазира ду уқёнуси азими олам – уқёнуси Ором ва Ҳиндро ба ҳам пайванд медиҳад.