Таҷлили Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон
Чоп шуд: 14/10/2022 | redaktor
Ҳолати фавқулодаро метавон ба як ҷумла таъриф кард: вазъест, ки саломатӣ, ҷон, молу амволи сокинон ё муҳити зистро дар хатари фаврӣ қарор медиҳад. Кулли ҳодисаҳои фавқулодаи харобкор ногаҳонианд, то кунун дар олам системаи огоҳии бармаҳале, ки хеле пештар аз вуқуъи ин ё он офати табиӣ хабар диҳад, вуҷуд надорад. Мо имрӯз омадани селҳо, тӯфонҳо, бодҳои харобкор, барфу борону жоларо метавонем то ҳадде пешгӯӣ кунем.