Мулоқотҳои Раиси КҲФ бо меҳмонон дар ҳошияи Форуми минтақавӣ

Дар ҳошияи Форуми минтақавии – Ҷаласаи сарони идораҳои ҳолатҳои фавқулодаи кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба коҳиши хатари офатҳо: таҳкими устувории минтақаи Осиёи Марказӣ ба офатҳо Раиси Кумиати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Рустам Назарзода бо сарварони ҳайатҳои ширкаткунанда дар Форум як силсила мулоқотҳо анҷом дод.

Аз ҷумла, Раиси КҲФ бо вазири ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон генерал-майор А.Қулдошев, сарвари Департаменти Маркази осиёии коҳиши хатари офатҳо (Ҷопон) ҷаноби Аракидо Масаро, ҷонишини Вазири бартарафсозии оқибатҳои фалокатҳо ва ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Туркия ҷаноби Палак-оғлу Исмоил, ҷонишни Котиби иҷроияи Комиссияи Аврупоии Иқтисодии СММ ҷаноби Дмитрий Марясин ва мененҷери Бонки ҷаҳонӣ ҷаноби Кристофер Пуш вохӯрд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ бо Вазири Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон генерал-майор Қулдошев А.Х. масъалаҳои такмили минбаъдаи ҳамкориҳо дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ва баргузории чорабиниҳои муштарак баррасӣ шуданд. Зимни мулоқот «Нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ миёни КҲФ Тоҷикистон ва Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон» ба имзо расид.

Ҳамчунин, Раиси Кумита бо Роҳбари дафтари минтақавии Дафтари СММ оид ба коҳиши хавфи офатҳои табиӣ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ ҷаноби Октавиан Бивол вохурӣ баргузор намуд. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки ду мақомот оид ба вокуниш ба офатҳои табиӣ, масъалаҳои омӯзиш, омодасозӣ ва бозомӯзии мутахассисон ва дигар масъалаҳоро баррасӣ намуданд.

Дар вохӯрӣ бо ҷонишини Вазири бартарафсозии оқибадҳои фалокатҳо ва ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Туркия ҷаноби Палак-оғлу Исмоил масъалаҳои густариши ҳамкориҳои ду идораи наҷот, табодули таҷриба, омӯзиш ва бозомӯзии кормандон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.  

Ҷониби Тоҷикистон дар ҳама мулоқотҳо барои беҳбуди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ як қатор пешниҳодҳоро ба миён гузоштааст.

Дар навбати худ меҳмонон ҳиссаи Тоҷикистонро дар самти пешгирӣ ва рафъи паёмадҳои ҳолатҳои фавқулода на танҳо дар дохили кишвар, балки берун аз он баланд арзёбӣ карданд.

Дар натиҷаи ин дидорҳои тавофуқоте дар заминаи кумак ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешгирӣ аз офатҳои табиӣ, ташкили давраҳои омӯзишӣ, омӯзиш ва бозомӯзии кормандон, беҳтар кардани сатҳи иттиллотнокии аҳолӣ ва таҳкими техникиву фаннии идораи наҷоти кишвар ҳосил шуд. 

барчасп: