6 октябри соли 2022 дар доираи Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Ҳукумати шаҳри Душанбе, Раёсати СММ оид ба коҳиши хатари офатҳо, бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо, Хазинаи Кӯдакони СММ дар ҶТ ва як қатор дигар созмонҳои байналмилалӣ озмуни беҳтарин наққошиҳои кӯдакон дар мавзуъи хатари офоти табиӣ баргузор кард.
Ин озмун дар Боғи ботаникии Академияи илмҳои Тоҷикистон (Боғи “Ирам”) доир шуд ва дар он беш аз 100 нафар кӯдакону наврасони аз 7 то 16-сола иштирок намуданд. Атфол тасаввури худро дар бораи офатҳои табиӣ ва хатари онҳо ба ҷомеа, талошҳои наҷоти ҷони инсонҳо рӯи коғаз оварданд.
Дар озмун Сарвари Раёсати коҳиши хатари офатҳои СММ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ ҷаноби Октавина Бивол, Сезин Синаноглу, ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон, иҷрокунандаи вазифаи Сафири барномаҳои САҲА дар шаҳри Душанбе ҷаноби Теа Ҷалиашвили ва дигар роҳбарони созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон ширкат ва суханронӣ намуданд.
Ҷониши якуми Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Ҳотамшо Латифзода зикр намуд: “Ҳадаф аз баргузории ин гуна тадорукот ба насли наврас хотиррасон кардани хатарҳоест, ки аз офатҳои табиӣ сар мезананд, ба таваҷҷуҳи ҷомеа расонидани он ки мешавад аз ҳар гуна офатҳои табиӣ пешгирӣ кард ва ҳаддиақал зарари расида аз онҳоро коҳиш дод”.
Дар поёни озмун ба ғолибон туҳфаҳои хотиравӣ ва ба ҳамаи ширкаткунандагон сипосномҳои КҲФ тақдим шуданд.