Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар доираи нақша-чорабиниҳо бахшида ба “Рӯзи байналмиллалии коҳиши хавфи офатҳои табиӣ” дар ҳамкорӣ бо Шуъбаи хадамоти давлатии оташнишонии ВМКБ, Шабакаи ёрии таъҷилии тиббиӣ шаҳри Хоруғ, шуъбаи маорифи шаҳри Хоруғ ва Агентии Оғохон оид ба макони зист дар ВМКБ дар кӯдакистони №5-и шаҳри Хоруғ озмуни “Калидчаи мадарасон”-ро доир намуд.
Дар озмун тарбиятгирандагони ин кӯдакистон ширкат карданд. Барои онҳо расмкашӣ дар мавзӯи офатҳои табиӣ ва хатари онҳо, пешгирӣ аз расидани зарари бештар супориш шуд.
Дар ҷараёни озмун таваҷҷуҳи тарбиягирандагон ба хатари офату балоҳои табиӣ, расонидани ёриҳои аввал ба зарардидагон, хомӯш намудани сӯхтор ва аз зери харобаҳо берун овардани зарардидагон ҷалб карда шуд. Миёни ширкаткунандагон ва мураббиён дар ин мавзӯҳо табодули афкор сурат гирифт.
Аз тарафи наҷотдиҳандагони ДМЗН-и Раёсати Кумита дар вилоят, наҷотдиҳандагони ифтихории шаҳри Хоруғ ва наҷотдиҳандагони Агентии Оғохон оид ба макони зист дар ВМКБ таҷҳизотҳои наҷотдиҳӣ ба маърази тамошо гузошта шуда, ҳамзамон тарзу усулҳои истифодаи онҳо нишон дода шуданд.
Ҳадафи чорабинӣ баланд бардоштани сатҳи огоҳиҳои аҳолӣ ба ҳолатҳои фавқулода, омодагиҳо барои вокуниш ба офатҳо ва пешгирӣ ба хотири коҳиши зарар ба аҳолӣ буд.
Н.Мираков, Сардори Раёсат, полковник