Раҳоии панҷ ноболиғ дар лифти харобшуда. Ду нафарашон шаҳрвандони Туркия буданд
Чоп шуд: 16/07/2022 | redaktor
15 июли соли 2022 соати 19:45 вақти маҳаллӣ ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар расид, ки лифти хонаи №8, кӯчаи Беҳзоди шаҳри Душанбе вайрон шудаву 5 нафар ноболиғон, ки ду нафари онҳо шаҳрвандони Туркия мебошанд, дармондаанд.
Барои кумаки фаврӣ ба ҷойи ҳодиса имдодгарони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе эъзом шуданд.