Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави кишвар ягон ҳодисаи фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ ба қайд гирифта нашудааст. Вале ҳамоно хабарҳои изтиробангез аз ғарқ шудани одамон дар обҳои кишвар гузоришҳо мерасанд.
Чунончӣ, аз Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон хабар расид, ки рӯзи 9-уми июли соли 2022 як сокини чилсолаи деҳаи Лолазори ноҳияи Хуросон ҳангоми шиноварӣ дар қаламрави ноҳияи Кушониёни дарёи Вахш ғарқ шудааст.
Сабаби ин ҳодиса дақиқ нест, аммо гуфта мешавад, ки ба эҳтимоли зиёд аз беэҳтиётӣ ва ноданистану риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ ғарқ шудааст.
Ғаввосони Раёсати КҲФ ҷасади ӯро пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.
11 июли соли 2022 соати 16:45 дақиқаи вақти маҳаллӣ ба қисми навбатдории Раёсати КҲФ дар шаҳри Хоруғ хабар расид, ки дар рӯбарӯ бо деҳаи Ёмҷи ҷамоати деҳоти Поршневи ноҳияи Шуғнон дар қаламрави Афғонистон дар соҳили дарёи Панҷ ҷасади зане дида мешавад.
Ҷасадро аз он сӯи соҳил аз тариқи пули Теми шаҳри Хоруғ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол доданд. Маълум шуд, ки ӯ як сокини 18-солаи ҷамоати Сомоншаҳри Хоруғ будааст. Ӯ рӯзи 29-уми июни соли 2022 аз хона баромада ба самти ноҳияи Роштқалъа равон шуд, вале ба ҷойе, ки бояд мерафт, нарасида нопадид гардид.
Рӯи 11-уми июли соли равон аз ШКД ноҳияи Рӯдакӣ дар бораи намудор шудани як ҷасад дар қаламрави ҷамоати Сарикиштӣ хабар доданд. Имдодгарони Кумита ба ҷойи ҳодиса расиданд ва ҷасадро аз об берун оварда, ба мақомоти дахлдор супурданд. Маълум шуд, ки ӯ як сокини шаҳри Душанбе буда, 22 сол доштааст.
Ҳодисаи чорум дар ноҳияи Шаҳринав рух дод. 11-уми июли соли 2022 тахминан соати 15:00 як сокини шастсолаи ҷамоати Шаҳринави ноҳияи Шаҳринав бо сабабҳои номаълум дар канали деҳаи Чузӣ ғарқ шуд. Ҷасади ӯро аз об берун овардаву ба кормандони милитсия супурданд.
Сабаби ин ҳодиса таҳқиқ мешавад.