октября 2021

Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо дар Хатлон низ таҷлил шуд

Рузи 13 октябри соли 2021 дар мувофиқа бо Раиси вилояти Хатлон дар “Коҳи Ватан”-и шаҳри Бохтар “Рузи байналмиллалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ”  ташкил  ва  гузаронида  шуд.

 Дар чорабинии мазкур донишҷуёни Донишгоҳи давлати ба номи Носири Хусрави шаҳри Бахтар, Колеҷи омузгории шаҳри Бохтар, Колеҷи тиббии шаҳри Бохтар, толибилмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Бохтар...

Таҷлили Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо дар шаҳри Хуҷанд

Дар Боғи фарҳангиву фароғатии Камоли Хуҷандии вилояти Суғд  бахшида ба рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар доираи лоиҳаи “Амал дар асоси пешгӯӣ” чорабинии таблиғотӣ гузаронида шуд.

Дар чорабинии мазкур намояндаи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, сардорону афсарони шӯъба ва бахшҳои Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи Рӯзи фарҳанги Тоҷикистон дар ЮНЕСКО

Муҳтарам мудири кулли ЮНЕСКО,
Хонумҳо ва ҷанобон,
Ҳозирини гиромӣ,

Дар оғоз мехоҳам ба Шумо, хонуми олиқадр Одрӣ Азуле ва тамоми масъулони ЮНЕСКО  барои мусоидат ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани Рӯзҳои фарҳанг ва намоиши ҳунарҳои мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Идомаи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи коҳиши хатари офатҳо

Кормандони воҳидҳои сохтории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо  13-уми октябр дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар озмунҳо, “мизҳои гирд”, “Рӯзи дарҳои боз” мегузаронанд, мулоқот бо донишҷӯёни мактабҳои олӣ, литсейҳои касбӣ ва омӯзгорони мактабҳо баргузор мекунанд.

Боз як радиовикторина бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо

Чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо бо ташаббуси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар қаламрави кишвар идома доранд.

Чунончӣ, 13 октябри соли 2021 аз тариқи радиои “Ватан” дар низоми мустақим муколамаи кормандони Кумита бо шунавандагон баргузор шуд, ки он муддати ду соат идома...

Омӯзишҳо бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо дар Турсунзода

Шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода бахшида ба «Рўзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ»  дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35-и шаҳри Турсунзода  чорабинӣ дар мавзўи «Заминларзаи шаддид» баргузор кард.

Дар ин чорабинӣ  1080 нафар хонандагон, 67 нафар омўзгорон...

Рӯзи дарҳои боз барои мактабиён дар Маркази таълимии КҲФ (ВИДЕО)

12 октябри соли 2021 дар доираи нақшаи тасдиқшудаи Кумита оид ба гузаронидани чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ, ки ҳамасола 13 октябр таҷлил карда мешавад, дар Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ - методии КҲФ бо иштироки донишҷӯёни шаҳри Душанбе ва кӯдакони имконияташон маҳдуд чорабинии варзишӣ баргузор шуд.

Оғози мавсими сард. Истифодаи ангишт эҳтиёҷоти рӯзгор аст, оқибатҳои таъсири он чӣ?

Вобаста ба имкониятҳои мавҷуда, аз ҷумла баланд гардидани сатҳи зиндагии мардум, мавҷудияти нақлиёт ва беҳтар гардидани ҳолати роҳҳо дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ дастрасии аҳолӣ ба истифодаи ангишт имконпазир мебошад. Бо назардошти зиндагӣ доштани қисми зиёди аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳот ва тӯлонӣ будани давраҳои сарди тирамоҳу зимистон, аҳолӣ барои эҳтиёҷоти худ,

Сели азим дар Чин. Ярч чор корманди пулисро куштааст. Ҳудуди ду миллион саргардонанд

Давлати Чин аз саргардонии ҳудудан 2 миллион сокинонаш дар вилояти  Шонси дар шимоли ин кишвар бар асари сели азим хабар дод. Дар хабар омадааст, ки ин обхезӣ 76 ноҳия, шаҳрро фаро гирифт ва дар ин минтақа ҳолати фавқулода эълон шудааст. Гуфта мешавад, ки наздик ба 190 ҳазор гектар замини кишт зери об шуда, бештар аз 17 ҳазор иншоот хароб шудааст.

Мақомот гуфтаанд, ки борони шадид...

Ҷамъбасти фаъолияти нуҳмоҳаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

9 октябри соли 2021 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Кумита генерал-полковник Рустам Назарзода ҷаласаи коллегия оид ба ҷамъбасти фаъолиятҳои нуҳмоҳаи КҲФ ббаргузор шуд.

Дар кори ин коллегия роҳбарони  сарраёсатҳо ва раёсатҳо, шуъбаҳои Дастгоҳи марказӣ, Раёсати КҲФ дар шаҳри...

Озмуни наққошиҳои кӯдакон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳои табиӣ

9 октябри соли 2021 дар доираи таҷлили Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ бо Ҳукумати шаҳри Душанбе, Дафтари СММ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ, бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо озмуни беҳтарин наққошии кӯдаконро доир намуд.

Дарси омӯзишӣ дар мактабе дар шаҳри Хоруғ

Дар қаламрави кишвар чорабиниҳо ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо идома доранд.

Чунончӣ, дар муассисаи таҳсилоти умумии №5 ба номи Шониёз Мухторшоеви шаҳри Хоруғ бо иштироки кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ ва намояндаи Агентии Оғохон оид ба Муҳити зист дарси

Страницы