сентября 2021

Сӯхторҳои бузурги олам. Аз Тахти Ҷамшед то оташсӯзии Лондан соли 1666

Сӯхтор яке аз қадимитарин болоҳоест, ки метавонад дар як замони басо кутоҳ кулли дороии инсонҳоро ба комаш кашад, ҷонҳоро ситонад, одамонро маҷрӯҳу маслуқ созад, рустоҳову шаҳрҳоро ба хок яксон кунад. Онро сӯхтани маводи сӯхтанӣ таъриф мекунанд ё оташе медонанд, ки нохоставу ғайриихтиёр ба вуҷуд меояд, дар як муддати басо кутоҳ аз назорат хориҷ мешавад, ки маъмулан бо дуди ғализу ҳарорати баланд ҳамроҳ аст.

Ҳалокати 5 нафар дар ду садамаи маргбори мошин дар роҳҳои кишвар

Дар ду садмаи маргбор, ки яке дар роҳи Душанбе-Хуҷанд ва дуюмӣ дар ноҳияи Рӯшон рух дод, 5 нафар ба ҳалокат расиданд. Дар ду маврид ҳам ронандагон аз уҳдаи идораи мошинҳои худ набаромаданд. Дар ду маврид ҳам ду мошин ба ҷарии умқашон то 200 метр фурӯ рафтанд. Ронандагон қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳоро риоя намекунанд. Агар риоя мекарданд, дар роҳи Душанбе – Хуҷанд 10 мошин ба ҳам барнамехӯрданд

Ғолибони бозиҳои варзишӣ қадрдонӣ шуданд

14 сентябри соли равон ғолибон ва ҷоизадорон аз ҷумлаи кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар мусобиқоти варзишӣ пирӯз омада буданд, бо ҷому дипломҳо сарфароз гардонида шуданд. Ҳамаи ин чорабиниҳои варзишӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлоли кишвар роҳандозӣ шуда буданд.

Фоҷеаи «Гинденбурд» ва «Осоавиахим». Анҷоми давраи дирижаблҳои гидрогенӣ

Бузургтарин фоҷеаи дирижабл суқути «Гинденбурд»- яке аз калонтарин дирижаблҳои он замон буд, ки 6 майи соли 1937 дар пойгоҳи ҳавопаймоии Лейкхерсти шаҳри Манчестер-Тауншипи ИМА иттифоқ уфтод. Ин дирижабл ҳангоме сарнагун шуд, ки мехост баъди анҷоми маъмурияташ фуруд ояд ва он баногаҳ оташ гирифт ва ба замин зад. Зарфи 34 сония комилан сӯхта ба хокистар табдил ёфт. Аз 97 нафаре, ки дар он савор буданд...

COVID-19: Шумори гирифторон дар олам ба 225,5 миллион наздик шуд, беш аз 4,6 миллион фавтиданд

Теъдоди гирифторон ба коронавирус дар олам ба  225 миллиону 488 щазору  186 нафар расид. Аз аввали ҳамагирӣ аз ин беморӣ дар ҷаҳон 4 миллиону 644 ҳазору 371 нафар ҷон бохтанд. Танҳо шабонарӯзи гузашта аз КОВИД – 19 1527 нафар фавтиданд. Тибқи иттилои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ то ба имрӯз дар олам 202 миллиону 82 ҳазору 559 нафар шифо ёфтанд.

 Ҳамоно кишварҳои ИМА, Ҳиндустон, Бразилия, Британияи Кабир ва Русия дар панҷгонаи...

Як сели азими шорида аз домани пирях дар ноҳияи Лахш маҷрои дарёи Сурхобро дигар кард

Дирӯз, 9 сентябр аз соати 06:00 дақиқа то соати 06:30 дақиқа, дар мавзеъи Арчакаппа, деҳаи Сугади ҷамоати деҳоти Сурхоби ноҳияи Лахш бар асари гарм шудани дамои ҳаво ва об шудани пиряхҳои атроф сатҳи оби рӯдхонаи Арчакаппа боло рафт ва ба сони як сели харобкор маҷрои дарёи Сурхобро дар минтақа муддати 30 дақиқа бастааст.

Тағйир ёфтани маҷрои дарё сабаби шуста шудани 50-60...

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз боди шадид ва чангу хок дар баъзе навоҳии кишвар

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки то 12-уми сентябри соли 2021 дар як қатор ноҳияҳои ҷануби кишвар ва навоҳии тобеъи марказ шамоли пуршиддат, ки дар як сония аз 15 то 20 метр мевазад ва эҳтимоли ба вуҷуд омадани хокбоду хокрезиш  дар назар дошта шудааст.

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи ботантана ба муносибати 30 – солагии истиқлоли давлатӣ

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Нӯҳуми сентябр барои мардуми куҳанбунёд, фарҳангсолор ва шарафманди тоҷик яке аз санаҳои сарнавиштсози таърихӣ ва лаҳзаҳои хушбахтиву сарбаландӣ мебошад.

ФАВРӢ: Вазири ҳолатҳои фаввқулодаи Руси ба ҳалокат расид

Генерали артиш, Вазири ҳолатҳои фавқулоддаи Федератсияи Русия  Евгений Зиничев ҳангоми баргузории дарсҳои омӯзишӣ дар Норилс ба ҳалокат расидааст. Дар таъзияномаи вазорат омадааст:

“Бо андуҳи зиёд хабар медиҳем, ки ҳангоми иҷрои қарзи хидматӣ дар омӯзишҳои байниидоравии ҳимояи минтақаи арктикӣ аз ҳолатҳои фавқулода дар Норилск, ҳангоми...

Паради ҳарбӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва маркази вилоятҳои кишвар (ВИДЕО)

7 сентябр ба муносибати таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони Дӯстии шаҳри Душанбе паради ҳарбӣ баргузор гардид.

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паради ҳарбӣ ба ифтихори ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муҳтарам генералҳо ва афсарону сарбозон!

Имрӯзҳо хурду бузурги Тоҷикистони маҳбуби мо дар остонаи ҷашни бузурги миллиамон – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватан қарор доранд.

Чорабиниҳои расмии ин ҷашни муқаддас имрӯз бо расми гузашти хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва афсарону сарбозони захираҳои сафарбарӣ, яъне муҳофизони истиқлоли Ватан, марзу буми давлати соҳибихтиёр ва ҳомиёни қонунияту тартибот оғоз мешавад.

Заминларза дар Тоҷикистон. Талафоти ҷониву вайронӣ надошт

Дирӯз соати 14:11 дақиқа дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Маркази он  178 километр шимолу шарқи шаҳри Душанбе, 14 киллометр ҷануби дар ноҳияи Тоҷикобод буд.

Қувваи зилзила дар маркази он 3 балл, дар ноҳияи Тоҷикобод  2 баллро ташкил дод.

Дар натиҷаи заминларза ягон талафоти ҷонӣ ва хисорот ба қайд  гирифта нашудааст.

Страницы