7 сентябр ба муносибати таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони Дӯстии шаҳри Душанбе паради ҳарбӣ баргузор гардид.
Бино ба гузорише, ки “Ховар” интишор дод, таҷлили ҷашни муқаддас бо расми гузашти 30 ҳазор нафар хизматчии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва афсарону сарбозони захираҳои сафарбарӣ, яъне муҳофизони истиқлоли Ватан, марзу буми давлати соҳибихтиёр ва ҳомиёни қонунияту тартибот дар фазои тантанавӣ оғоз гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар майдони Дӯстии пойтахт Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Шералӣ Мирзо пешвоз гирифтанд.
Ба истиқболи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҳайати шахсии Оркестри ҳарбӣ-нафасӣ мусиқии тантанавӣ таҳти унвони “Навои ифтихор” иҷро карда шуд.
Маросими бошукӯҳи ҷашнӣ бо ворид намудани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба майдони баргузории чорабинӣ оғоз гардид.
Қабл аз гузашти низомӣ, хизматчиёни ҳарбии ротаи қаровули фахрии Полки таъминотӣ ва идоракунии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро чун рамзи муқаддас аз назди иштирокчиёни паради ҳарбӣ гузаронида, дар сафи пеши дастаҳо қарор доданд.
Сипас ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Шералӣ Мирзо оид ба омодагии қисму воҳидҳои ҳарбӣ ба гузашти низомӣ гузориш дод.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо арзи салом ба ҳайати шахсӣ онҳоро бо ҷашни бошукӯҳи 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нутқи пурмуҳтаво баромад на муда, доир ба ҳифзи дастовардҳои давлати соҳибистиқлол, фазои орому осудаи ин кишвари биҳиштосо ва рушду тараққиёти босуботу бонизоми Ватани азизамон дар зарфи 30 соли Истиқлоли миллӣ суханронӣ карданд.
Сипас, бо амри фармондеҳи парад гузашти низомии 30 ҳазор нафар ҳайати шахсии қисму воҳидҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, ҷузъу томҳои сохторҳои қудратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ва ҳайати захираҳои сафарбарӣ шурӯъ гардид.
Таҳти навои оркестри ҳарбӣ-нафасӣ ҳайати шахсии қисму воҳидҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳ, ҷузъу томҳои сохторҳои қудратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ва ҳайати захираҳои сафарбарӣ дар ҳайати дастаҳо вориди майдони баргузории чорабинӣ шуда, аз назди минбари ифтихорӣ ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузашти низомӣ қадам заданд.
Дар паради ҳарбӣ шунавандагони Литсейи ҳарбӣ, афсарони дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа, Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, афсарону аскарони ҷузъу томҳои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати шахсии Қӯшунҳои хушкигард, Қӯшунҳои зудамал, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, афсарони хадамоти махсуси назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, курсантҳои муассисаҳои олии таълимии ҳарбии тобеи сохторҳои қудративу мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, воҳидҳои таъйиноти махсуси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Қӯшунҳои дохилӣ, Қӯшунҳои сарҳадӣ, занону бонувони Артиши миллӣ, ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, муҳассилини кафедраҳои ҳарбии назди муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати захираҳои сафарбарӣ ва дигар сохторҳои қудратии мамлакат фаъолона ширкат варзиданд.
Дар гузашта зимни баргузории чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ шумораи иштирокчиёни парадҳои ҳарбӣ дар майдони марказии пойтахт асосан аз 5 то 15 ҳазор нафарро ташкил медод, ки дар муқоиса ба гузашти низомии 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ теъдоди онҳо танҳо дар шаҳри Душанбе ба 30 ҳазор нафар баробар аст. Илова бар ин дар марказҳои маъмурии тамоми вилоятҳо ва ҳар як шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ низ бо ҷалби қисму воҳидҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳ, ҷузъу томҳои сохторҳои қудратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ва ҳайати захираҳои сафарбарӣ парадҳои ҳарбӣ доир шуд, ки маҷмуан шумораи онҳо зиёда аз 162 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Ҳамчуноне ёдовар шудем, ҷувзутомҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ин гузашти низомӣ ширкат доштанд.
Тибқи иттилои ҳамкорони мо дар марказҳои вилояти Суғд, Хатлон ва ВМКБ низ сафороӣ ва гузашти ҳарбӣ бахшида ба сисолагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон баргузор шуд.
Чунончӣ, дар паради низомии вилояти Суғд автомашинаҳои махсуси наҷотдиҳӣ, киштиҳои обӣ, қаиқҳо, заврақҳои моториву резинӣ дар гузашти техника ва лавозимотҳои низомӣ ширкат варзиданд.