майи 2020

Санҷиши густардаи клиникии доруи зидди короновирус оғоз шудааст

Дар беморхонаҳои Британияи Кабир санҷиши клиникии дору аз Covid-19 шуруъ шудааст, ки дар он бештар аз 8 ҳазор беморон ширкат мекунанд. Ин санҷиш зери назари Донишгоҳи Оксфорд мегузарод ва  RECOVERY номида шудааст. ВВС хабар додааст, ки он бар асоси панҷ доруи қаблан вуҷудошта сурат мегирад.  Дар миёни онҳо доруи омехтае, ки бо он СПИД-ро табобат мекунанд ва доруи дигаре, ки барои муолиҷаи табларза то кунун...

Аёдати собиқадорони Кумита дар Хатлон

Дар ин рӯзҳои моҳи шарифи Рамазон кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон даст ба иқдоми хайрия заданд ва аз ҳоли ду собиқадори Кумита хабар гирифтанд.

Аёдати маъюбон, собиқадорони соҳа, полковник Муродов Амиралӣ ва подполковник Иброҳимов...

Хатсайри чартерӣ аз Ҳинд ба Тоҷикистон. Ҳавопаймо чӣ меорад?

Сомонаи ҳукумати шаҳри Душанбе аз ташкили  хатсайри махсуси чартерӣ аз Ҷумҳурии Ҳиндустон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод. Ин манбаъ мегӯяд хатсайри чартерӣ бо дастури шаҳрдори пойтахт Рустами Эмомалӣ ташкил шуд ва ҳадаф аз он пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва муолиҷаи гирифторони он аз ҷониби давлату ҳукумати кишвар мебошад. Маводи зарурии воридшуда ба Вазорати...

КОВИД-19: Кишварҳо дар пайи лағви маҳдудиятҳо дар карантин

Имрӯз нашрияи машҳури британиёии Daily Telegraph бо сарлавҳаи ҳангомабарангези “Машварати дар хона мондан лағв мешавад” нашр гардид. Ҳукумати Британияи Кабир нақшаи нави худ дар мавриди карантинро танҳо рӯзи якшанбе эълон мекунад. Аммо Дейли Телеграф бо истинод ба манбаъҳои худ дар ҳукумат навиштааст, ки талаботу низоми қатъии худинзивоъ аввали ҳафтаи оянда лағв карда хоҳад шуд.

Ҳалокати як сокини 17-солаи Деваштич дар сели азим. Ярч дар Деҳи Мирзои Роғун

Як сокини 17-солаи ҷамоати Муҷуни ноҳияи Деваштич, ки чорвои хонаводагиро мечаронд, дар сой афтода ва аз он ки бо вай касе ҳамроҳ набудааст, дар сели сой ба ҳалокат расидааст.

Бино ба гузориши  Раёсати Кумитаи  ҳолатҳои  фавқулодда  ва мудофиаи  гражданӣ  дар вилояти Суғд ин ҳодиса шоми рӯзи гузашта рух...

Идомаи корҳои поксозӣ ва таблиғоти зидди короно дар Суғд

Корҳои безарагардонӣ рӯзи 5 май низ аз ҷониби наҷотдиҳандагони Дастаи махсуси зудамали наҷоти вилояти Суғд ва ҳам наҷотдиҳандагони бахши Раёсат дар шаҳри Хуҷанд дар  23 адад биноҳои 5-9 ошёна иборат аз 2-11 даромадгоҳҳои махаллаи 8-ум ва 19-уми шаҳри Хуҷанд ва коргоҳи дўзандагии Амир воқеъ дар маҳаллаи 19-ум, ки бо омода намудани бандинаҳои тиббӣ машғуланд,  корҳои безараргардонӣ...

Мулоқоти генерал Назарзода бо Патрик О’Коннор

5-уми майи соли 2020 Раиси Кумитаи ҳолтаҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода ҳайати Созмони ҷаҳонии тандурустӣ оид ба  COVID-19 бо сарварии ҷаноби Патрик О’Коннорро ба ҳузур пазируфт.

Раиси Кумита ҳайати СҶТ-ро бо система ва ҷадвали...

Роҳандозии корҳои беҳдоштӣ дар шаҳри Хоруғ

Гурӯҳи зудамал аз ҳисоби кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ биноҳову иншоотҳо, хонаҳои истиқоматӣ, боғу гулгаштҳои қаламрави шаҳри Хоруғро бо истифода аз доруҳои кимиёвӣ поккорӣ карданд.

Ин тадбирҳо тибқи Нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда...

Роҳандозии корҳои поксозӣ ҷиҳати пешгирӣ аз сироят ба кроновирус дар шаҳри Душанбе (ВИДЕО)

Бо мақсади пешгирӣ аз густариши вируси короно кормандони КҲФ корҳои фарогири коркарди санитарӣ дар ҷойҳои таҷаммуъи одамон – нақлиёти шаҳрӣ, истгоҳҳои автобусҳо, муассисаҳои тиҷоратӣ ва ғайраро идома медиҳанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо истифода аз ҳама имкониятҳои худ ба мақомоти идории маҳаллӣ дар роҳандозии корҳои...

Бо зарби 20 мушаки зиддижолаи “Алазан” 9 минтақа аз хавфи жола безарар гардид

Хадамоти жолаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз партови 20 мушаки зиддижолаи “Алазан” хабар дод, ки дар маҷмуъ 9 минтақа аз хавфи резиши жолаи харобкор безарар гардид.

Аз ҷумла, рӯзи гузашта барои бартараф намудани хавфи бориши жола дар як минтақаи ноҳияи Турсунзода...

Вусъати корҳои поксозӣ дар шаҳри Исфара

Дар шахри Исфара бо мақсади пешгирии интиқол ва паҳншавии бемории  сироятии коронавирус (COVID-19) бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шахри Исфара корҳои безараргардонӣ пурзӯр гардида, ҳамаҷониба чораҳои пешгирикунанда андешида шуда истодаанд. Ҳамарӯза дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо истифода аз маводҳои кимиёвӣ корҳои безараргардонӣ мегузароннад.

Зарфи як шабонарӯзи гузашта КҲФ дар роҳандозии корҳои поксозӣ беш аз 7 тонна маҳлули гипохлорит истифода кард

Гурӯҳҳои зудамали Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ аз густариши короновирус басо фаъолона ҷойҳои пурҷамъият ва маконҳоеро, ки маъмулан одамон бештар таҷаммуъ мекунанд бо истифода аз маҳлули гипохлорити натрий ва калсий поккорӣ мекунанд.

Страницы