Як сокини 17-солаи ҷамоати Муҷуни ноҳияи Деваштич, ки чорвои хонаводагиро мечаронд, дар сой афтода ва аз он ки бо вай касе ҳамроҳ набудааст, дар сели сой ба ҳалокат расидааст. Бино ба гузориши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд ин ҳодиса шоми рӯзи гузашта рух додааст. Дар хабар гуфта мешавад, ки ин сокини ҷамоати Муҷун чорвои хонаводагиро мечаронд ва ҳангоми убур аз сойи Бешкалсой ба оби пуртуғён афтодаву ба ҳалокат расидааст.
Бар асари сели азим ҳамчунин пули Бешкалсойи деҳаи Панҷбоғи ҷамоати деҳоти Муҷун қисман зарар дида, ҳаракати нақлиёт муваққатан боз дошта шудааст.
Ҳамчунин бар асари борони шадиди рӯзи 5-уми май ва боло гирифтани сатҳи намӣ соати 18:10 дақиқа дар кўчаи Деҳи Мирзои Ҷамоати шаҳраки Оби Гарми шаҳри Роғун ярч ба амал омада, дар натиҷа бинои истиқоматӣ ва хоҷагии ёрирасони шаҳрванд Аминов Абдуқодир вайрон гардида, ба маҳали зисти сокинони дигари кўчаи зикршуда таҳдиди хатар дорад. Айни замон аҳли оилаи Аминов Абдуқодир ба ҷойи бехатар кӯчонида шуданд.
Бар асари ҳолати ба амаломада, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Барои бартараф намудани паёмадҳои ин офати табиӣ тадбирҳо андешида мешаванд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба сокинони рустоҳои кӯҳӣ мерасонад, ки дар рӯзҳои пурбориши баҳорӣ дар роҳандозии корҳои саҳро, киштукор, чорвочаронӣ, рафтан ба шикоргоҳ ва ё ғунучини ҳезум ё алаф худдорӣ намоянд. Бахусус, сокинон бояд талош кунанд нобилиғонро дар чунин рӯзҳо ба танҳоӣ чорвочаронӣ нафиристанд. Дар ҳодисаи ёдшуда ва фоҷеаи Деваштич писарбачаи 17-сола шояд аз он қурбон шуд, ки касе бо вай дар чунин лаҳзаи душвор набуд.
Эҳтиёт кунед! Ҷони худ ва наздиконатонро дар хатар наандозед!