Бо мақсади пешгирӣ аз густариши вируси короно кормандони КҲФ корҳои фарогири коркарди санитарӣ дар ҷойҳои таҷаммуъи одамон – нақлиёти шаҳрӣ, истгоҳҳои автобусҳо, муассисаҳои тиҷоратӣ ва ғайраро идома медиҳанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз ҳама имкониятҳои худ ба мақомоти идории маҳаллӣ дар роҳандозии корҳои беҳдоштӣ ҳамаҷониба ёрӣ мерасонад.
Чунончӣ, рӯзҳои 4 – 5 майи соли 2020 тибқи Нақшаи тасдиқшудаи пешгирӣ аз вируси короно кормандони Кумита дар кӯчаҳо ва майдонҳои маҳаллаи Ховарони шаҳри Душанбе миёни аҳолӣ корҳои таблиғотӣ роҳандозӣ карданд. Дар ин корҳо 35 корманд бо ҷалби 4 воситаи нақлиётии поксозанда ва мошинҳои таблиғотӣ ширкат намуданд.
Дар ҷараёни корҳои поксозӣ аз 896 хоҷагӣ 693 хоҷагӣ безарар гардонида шуданд, ки ин 70% кӯча ва хиёбонҳои маҳалларо дар бар мегирад. Ҳамчунин кормандони КҲФ миёни мардум варақаҳои таблиғотӣ паҳн карданд.
Ба ҷараёни корҳои роҳандозишуда Ёвари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ва Раиси ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Билол Иброҳим шинос гардиданд.
Бояд зикр намуд, ки дар айни замон кормандони Кумита бо 203 соҳибони хонаҳо ҳамсуҳбат шудаву роҳҳои эминӣ аз сироят ба короновирусро мефаҳмонанд ва ҳамзамон дар ин минтақа корҳои поксозиро идома медиҳанд.
КҲФ ба шаҳрвандон ёдовар мешавад ва аз онҳо даъват менамояд, ки бо мақсади пешгирӣ аз густариши вируси короно қоидаҳои зеринро дар хона, кӯча ва нақлиёт риоя намоянд:
- гигиенаи шахсиро пурра риоя намоянд;
- ҳамеша ниқоб пӯшида бошед;
- ба овозаҳои дода нашавед;
- дар ҳоли табъ, сулфа ва душворӣ дар нафаскашӣ ба духтури оилавӣ муроҷиат намоед;
- ҳангоми гаштугузор дар кӯча, рафтан дар нақлиёт масофаи 1,5 метр байни ҳамдигарро риоя кунед;
- дастонатонро ҳамеша бо собун на камтар аз 30-40 сония бишӯед;
- Одамони синнашон болотар аз 65 дар хона бимонанд;
- аз нақлиёти пури одам истифода накунед.
Ёдовар мешавем: бемории исроятии «КОВИД-19» аз одами бемор ба каси солим аз роҳҳои иртиботҳои қатраӣ мегузарад. Доштани ниқоб ва риояи мас афа яке аз шартҳои аслии дур мондан аз сироят мебошад.