майи 2020

Як қурбонӣ дар селҳои рӯзи гузашта. Роҳҳои шустаи сел, пулҳои хароб. Оқибати офат барқарор мешавад

Сели азим дирӯз дар ноҳияи Хуросон ҷони як марди 55-соларо гирифт. Дар баъзе манотиқ хонаҳо зери об монданд, роҳҳо вайрон, пулҳо хароб гардиданд. Ба хоҷагии халқи кишвар зарар расид, ки дар айни замон ҳаҷми он ҳисоб мешавад. Вале муқаддамтар аз ҳама оқибати ин офати табиӣ бояд бартараф карда шавад.

Борони шадид боиси омадани сел ва боло рафтани...

Се куштаи як садамаи мудҳиш дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд

Дирӯз, ҷумъа, 14-уми май соати 10:15 дақиқа дар километри 278-ум шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд - Чаноқ мошини тамғаи «ОПЕЛ ВЕКТРА», ки аз ҷониби Азимов Умарқул сокини дуҳаи гулистони ноҳияи Зафаробод идора мешуд, бо мошини тамғаи  «ОПЕЛ КАРАВАН» ронандааш сокини деҳаи Басмандаи ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштич бархӯрда, сабабгори марги се тан шуд.

Аз таҷрибаи беруниён: Оби бинию даҳони шахси бемор хатарноктарин манбаи вирус мебошад

БИ-БИ-СИИ порсӣ пурсишу посухҳои видеоӣ дар мавриди Куруновирус ва Ковидбеморӣ рохандозӣ намуда андешахои табибони беҳтаринро пешкаши тамошобинонаш кардааст. Духтури тоҷики муқими Маскав Мирзоқул Ҳоҷиматов гулчине аз онро дар саҳифаи худ дар фазои маҷозии Фейсбук гирдоварӣ карда, ки лозим донистем онро, ки гумон мекунем хеле муҳим аст, барои хонандагони сомонаи худ орем.

Поккориҳо дар Суғд

Дар вилояти Суғд бо мақсади пешгирии бемории сироятии COVID-19 аз ҷониби гурӯҳи безараргардонии Раёсат дар ҳамкорӣ бо хадамоти давлатии назорати санитарию эпидемиологии шаҳри Хуҷанд​ корҳои безараргардонӣ идома доранд. Корҳои поккорӣ  бо роҳбарии афсарони масъули Раёсат ва аз тарафи наҷотдиҳандагони Дастаи махсуси зудамали наҷоти вилояти Суғд, наҷотдиҳандагони бахши Раёсат дар...

Ва дар вилояти Хатлон низ...

Дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон низ рӯзҳои гузашта корҳои поксозии биноҳо, иншоотҳо, кӯчаву хиёбонҳо, растаҳо, бозорҳо, даромадгоҳи биноҳои истиқом атӣ ва ғайра идома доштанд.

Бино ба гузориши ҳамкоронамон аз Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон...

Боронҳои пуршиддати рӯзи гузашта: резиши санг ва селҳои азими харобиовар. Роҳҳои кишвар пурра бозанд!

Ба асари боронҳои шадид дар қаламрави алоҳидаи кишвар ҳодисаҳои резиши санг ва омадани селҳо ба қайд гирифта шуданд. Чунончӣ, борони шадид лойу лойқаи азимро ҷамъ овард ва роҳҳоро дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Бунҷикатро баст, сел мушкилоте ба роҳҳои байни деҳаҳо дар ноҳяҳои Турсунзода ва Ҳисор овард. Барои бартарафсозии оқибатҳои ин офатҳои табиӣ техникаи махсус ҷалб шуда, роҳҳо аз лойю...

Ҳавои номусоиди рӯзи 14-уми май. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони кишвар мерасонад, ки тибқи иттилои Агентии ҳавошиносии мамлакат 14-уми майи соли равон дар қаламрави Тоҷикистон (ба истиснои қисмати шарқии ВМКБ) ҳавои номусоид дар назар аст. Боронҳои шадид, раъду барқ ва дар баъзе манотиқ боридани жола пешбинӣ мешавад.

Сад ҳазор доллар кӯмаки Бонки осиёии Рушд ба Тоҷикистон ҷиҳати мубориза бо короновирус

Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дод, ки Бонки осиёии Рушд (БОР) ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бо коронавируси нав  COVID-19 ва дастгирии Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон   дар доираи лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак» ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон   100 ҳазор доллар грант ҷудо намудааст.

Пули харобшуда дар Шаҳристон барқарор шуд. Оқибатҳои сел бартараф мешавад

Ҳамчуноне хабар дода будем, борони шадиди рӯзи гузашта харобиҳое дар баъзе минтақаҳои вилояти Суғд ба ҷо гузошт. Аз ҷумла,  бар  асариборони пуршиддат дар ноҳияи Шаҳристон, ҷамоати деҳоти Турсунзода   сел омада, 1 адад пули маҳаллӣ зарар дида, корҳои бартарафкунӣ дар ин самт идома дорад.

Безараргардони манзилҳову иншоот дар Суғд: Рӯзи 12-уми май

Дар вилояти Суғд кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 12-уми май ба корҳои поксозӣ идома доданд. Аз ҷумла, аз ҷониби гурӯҳи безараргардонии Раёсати Кумита дар вилояти Суғд ва бахши шаҳри Хуҷанд дар кӯчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд дар 15 адад биноҳои...

Иштибоҳи духтурони Аврупо дар муолиҷаи короновирус аз диди чиниҳо. Дар мо чӣ?

Духтурони Чин мегӯянд ҳамкасбонашон дар Аврупо дар муолиҷаи беморони короновирус ба иштибоҳҳои ҷиддӣ роҳ додаанд. Иштибоҳи асосии  онҳо беҳимоя будани худи кормандони тибб ва ба ин иллат сатҳи сироят миёни худи кормандони тибб боло меравад.  Духтурони шаҳри Вуҳони Чин, ки бори аввал  COVID-19 аз ин шаҳр сар бурун овард ва кулли оламро фаро гирифт, ҳоло мегӯянд табибони аврупоӣ иштибоҳи онҳоро такрор...

Зарари селу жола дар баъзе ноҳияҳои вилояти Суғд. Зарбаи 17 мушаки зиддижола ба абрҳои жоладор

Тибқи маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои  фавқулодда  ва мудофиаи  гражданӣ  дар вилояти Суғд зуҳри рӯзи 12-уми майи соли 2020, дақиқан соати 13:40  дақиқа  бар  асари борони пуршиддат дар ноҳияи Шаҳристон, ҷамоати деҳоти Турсунзода сел омада, 1  адад  пули маҳаллӣ зарар дида, корҳои бартарафкунӣ дар ин самт идома дорад.

Страницы