БИ-БИ-СИИ порсӣ пурсишу посухҳои видеоӣ дар мавриди Куруновирус ва Ковидбеморӣ рохандозӣ намуда андешахои табибони беҳтаринро пешкаши тамошобинонаш кардааст. Духтури тоҷики муқими Маскав Мирзоқул Ҳоҷиматов гулчине аз онро дар саҳифаи худ дар фазои маҷозии Фейсбук гирдоварӣ карда, ки лозим донистем онро, ки гумон мекунем хеле муҳим аст, барои хонандагони сомонаи худ орем.
1.То имрӯз натиҷаи нисбатан беҳтарро байни доруҳои зиддивирусии маълум РЕМДЕСИВИР нишон додааст, вале ин дору ҳанӯз дар марҳилаи санҷишҳои васеи клиникӣ қарор дорад ва дар ягон доруфурӯшии дунё дастраси беморон нест.
2.Дар баъзе кишварҳои аврупоӣ тестҳои хонагии муайянкунандаи антибодӣ-сатҳи масуният алайҳи SARS-CoV-2 дастраси харидорони одӣ шудааст. Чанд катра хуни аз нуги ангушт гирифтаро ба он ҳамроҳ намуда, вуҷуд доштани антибодҳо (антитела) яъне иммунитети навпайдошударо зидди Куруно муайян карда метавонед. Дараҷаи саҳеҳияти ин усул 100 дарсад ҳам набошад, хеле баланд аст. Бояд зикр кард, ки масуният алайҳи куруновирус баъди 10-14 рӯз аз оғози аломатҳои шадиди беморӣ пайдо мешавад. Дар нафароне, ки бе ин нишонаҳо бемориро пушти сар гузоштаанд, сатҳи масуният ҳам пасттар асту миқдори вирус хоричкунияшон низ дар давраи сироятӣ камтар будааст.
Мутахассисони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба ин назаранд, ки ҳадиақал 80-90% беморони аз ковиди шадид сиҳатёфта барои на кам аз 1-сол алайҳи куруно иммунитет пайдо мекунанд.
3. Вазъи равонии инсон дар пайдоиши иммунитет - масуният нақши муҳим дорад: оромӣ, ботамкинӣ, истифодаи боҳикмати ақлу дониш дар радифи чораҳои солимгардонии дигар (истеъмоли ғизои витаминдор, ҳавои тоза, варзиши бадан, хоби на кам аз 6-7 соат дар шабонарӯз) иммунитетро боло мебарад. Вале таҳлуқаю воҳима, тарси зиёд, асабоният ба пайдоиши масуният халал ворид мекунанд. Илова аз муаллиф: беҳтарин усуле аз қироати Қуръон ва тафаккур болои маънии оёт дар оромии руҳ нахондам ва надидам.
4.Бо рӯ ба рӯ шудани ҳамагӣ чандсонияӣ бо шахси бемор эҳтимоли сироят ёфтан камтарин аст, аммо наздикӣ давоми беш аз 5-10 дакика, масалан дар нақлиёт, корхона, бозор, таълимгоҳ, варзишгоҳ в.ғ. боиси сирояти аксари наздикбудагон мегардад, агар ҳатто як нафаре вирусхориҷкунанда бошад.
5.Дастпӯшак (дасткаш) дар сурати нодуруст истифода бурдан метавонад эҳтимоли сироятро афзояд, масалан агар кас одати зуд - зуд бо дастонаш ба лабу бинӣ ё чашмонаш расиданро дошта бошад (чунин одатро аксарият доранду худ бехабаранд) вирусҳои болои дастпӯшак ҷамъшуда зуд касро сироят мекунанд. Бинобар ин зуд - зуд шустани дастон баъди ҳар боре, ки ҷисми ношиносеро ламс кардед, чораи беҳтарин аст. Ин одатро бояд ҳамагон дар худ таквият бахшанд.
6. Оби бинию даҳони шахси бемор хатарноктарин манбаи вирус мебошад ва онро ба кӯчаву ҳавлӣ ё кафи даст атса задан, сулфидан ё туф кардан боиси зиёд паҳн шудани беморӣ мегардад. Дар Филиппин барои чунин амал 1000 дуллор ҷарима муқаррар кардаанд. Бояд ин луобҳои хориҷшавандаро ба халтаи селофанӣ ё коғази дастпоккун (салфеткахои хушку тар) партофт ва бо хлор ё сӯхтан онро безарар кунед. Ҳадиақал ба партови зери офтоб буда партоед, ки нурҳои ултрабунафш онро безарар кунанд, вале ин усул чандон эътимоднок нест.
7. Пашша ва ҳашарот вирусро одатан интиқол намедиҳанд. Ҳайвоноти хонагӣ низ камтарин воситаи паҳни вирус шуда метавонанд, чун эҳтимоли атсаи шахси бемор ба хайвонот вуҷуд дорад ва нафари солим бо дастонаш хайвонро маҳс намуда, гоҳо сироят меёбад.
8. То замони ихтироъ ва истеҳсоли воксан чораи ягонаи пешгирӣ аз шуюъи СOVID19 Карантин боқӣ мемонад. Чандин бемориҳои сироятӣ, мисли фалачи кӯдакон маҳз ба туфайли истифодаи воксин аз рӯи замин бардошта шудааст. Мақсад аз Карантин зери назорат гирифтани теъдоди беморон аст, то якбора теъдоди онҳо афзуда кори беморхонаҳоро фалаҷ нагардонад ва маргу мири якбораи нисбатан бештари одамон боиси фоҷиаи иҷтимоӣ ва таҳлуқаву воҳимаҳо нагардад.
9. Идрори гов на барои ҳинду ва на барои қавми дигаре чораи пешгирӣ ё муолиҷаи кувидбеморӣ нест! Тестҳои 10 сония нафасро доштан ва амсоли он вуҷуд доштан ё надоштани куруно ва фибрози шушро саҳеҳ нишон намедиҳанд, ба чунин афсонахо бовар накунед.
10. Дар кишварҳо ва минтақаҳое, ки авҷи беморӣ поён фуромадааст, камтарин фориғболӣ аз қоидахои зидди эпидемӣ сабаб мешавад, ки мавҷи дуюм ва ҳатто сеюми эпидемия пайдо шавад, ки он одатан вазнинтар аз аввалӣ мешавад. Масалан, аз авҷи такрории инфлюэнсеи испанӣ (грипп, зукоми "испанка") агар талафоти соли 2016 чансад ҳазор нафар бошанд, мавҷи такрории он то соли 2018 боиси МАРГИ 50 000 000- панҷоҳ миллион одамон гардидааст.
Бознашр аз гурӯҳи фйсбукии
Тавсияҳои табиб Мирзои ҲОҶИМУҲАММАД.