Поккориҳо дар Суғд

Дар вилояти Суғд бо мақсади пешгирии бемории сироятии COVID-19 аз ҷониби гурӯҳи безараргардонии Раёсат дар ҳамкорӣ бо хадамоти давлатии назорати санитарию эпидемиологии шаҳри Хуҷанд​ корҳои безараргардонӣ идома доранд. Корҳои поккорӣ  бо роҳбарии афсарони масъули Раёсат ва аз тарафи наҷотдиҳандагони Дастаи махсуси зудамали наҷоти вилояти Суғд, наҷотдиҳандагони бахши Раёсат дар шаҳри Хуҷанд гузаронида мешавад.


То ба имрӯз наҷотдиҳандагони Дастаи зудамал ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, дар маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд корҳои поккории зеринро ба сомон расониданд, аз ҷумла:
12 адад кӯчаҳои соҳили рост шаҳри Хуҷанд, даромадгоҳҳои 422 адад хонаҳои истиқоматӣ, кӯчаи И.Репин - 38 хона,
кӯчаи Н.Ганҷавӣ - 36 хона,
кӯчаи Ш.Руставеллӣ-40 хона,
кӯчаи Ҷ.Румӣ- 44 хона,
кӯчаи В.Белинский 38 хона,
кӯчаи Д.Раҳимова 26 хона,
кӯчаи А.Гребенщиков 43 хона,
кӯчаи А.Қаландаров 36 хона,
кӯчаи С.Шерозӣ 9 хона,
кӯчаи Т.Эрйигитов 43 хона,
кӯчаи Д.Азизов 44 хона,
кӯчаи С.Умаров 25 хона аз короновирус безарар гардонда шуд.
Инчунин 35 адад истгоҳҳо, 3 адад гузаргоҳи зеризаминӣ, дар кӯчаи Сирдарё 15 адад биноҳои истиқоматии 2-3 ошёна низ поккорӣ шуданд.
Рӯзи 13 май дар маҳаллаи Пахтакор 17 бинои 3-4 қабата, маҳаллаи 18-ум дар 1 бинои 5 ошёна иборат аз 24 даромадгоҳ бо истифода аз дорупошакҳои муҳаррикдор ва маҳлули гипохлорид натрий корҳои безараргардонӣ гузаронида шуд.
Корҳои безараргардонӣ ҳамчунин аз ҷониби кормандони шаҳри Исфара дар ҳамкорӣ бо хадамоти давлатии назорати санитарию эпидемиологии шаҳр дар махаллаи Навобод ва маҳаллаи Баҳори шаҳри Исфара биноҳои истиқоматии бисёрошёна бо истифода аз маводҳои безараргардонӣ поккорӣ карда шуданд.
Корҳои тамизкунӣ дар вилоят идома доранд.

 

Шаҳзода Бутаева

барчасп: