Ва дар вилояти Хатлон низ...

Дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон низ рӯзҳои гузашта корҳои поксозии биноҳо, иншоотҳо, кӯчаву хиёбонҳо, растаҳо, бозорҳо, даромадгоҳи биноҳои истиқом атӣ ва ғайра идома доштанд.

Бино ба гузориши ҳамкоронамон аз Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон кормандони Раёсат рӯзи 12 ва 13-уми майи соли 2020 дар биноҳои истиқоматии кучаи Хатлони  шаҳри Бохтари вилояти Хатлон оид ба пешгирӣ аз  пайдоиши бемории сироятии нави коронавирус (COVID-2019) як силсила корҳои поккорӣ анҷом доданд.

Аз ҷумла, хизматчиёни ҳарбии Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон бо ҳамроҳии кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилояти Хатлон роҳҳои пиёдагард ва гирду атрофи биноҳои истиқоматии шаҳрвандон бо маҳлулҳои хлордор безарар карданд. 

Ҳамчунин рӯзи 13-уми май   дар бинои Прокуратураи вилояти Хатлон ва дар Маркази солимии репредуктивии шаҳри Бохтари вилояти Хатлон хизматчиёни ҳарбии Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон гирду атроф, ҳуҷраҳои корӣ, ошхона, анборхона, партовгоҳо ва ҳоҷатхонаҳои ташкилотҳоро бо маҳлулҳои хлордор безарар гардониданд.

Чорабиниҳои мазкур аз тарафи ТВ “Сафина” ва Шуъбаи иттилоотию таҳлили Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилояти Хатлон наворбардори карда шудааст.

 

  М. Муйдинов