марти 2019

ғози марҳилаи дуюми омӯзишҳо ҷиҳати таҳияи харитаҳои электронии мавзеъҳои осебпазир

Дар доираи татбиқи минбаъдаи Ёддошти тафоҳум, ки миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ имзо шудааст, ҳамчунин бо мақсади омӯзиш оид ба таҳияи харитаҳои электронии қитъаҳои осебпазир дар ҳолатҳои фавқулодда дар КҲФ дуюмин марҳилаи давраи омӯзишӣ барои кормандони маркази иттилоотӣ-таҳлилӣ оғоз гардид. 

Шуъбаи кор бо ҷомеаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда “Маркази матбуотии сол” эълон шуд

11 – уми марти соли 2019 дар ҷаласаи тантанавӣ ба муносибати Рӯзи матбуот, ки дар театри Академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ баргузор гардид, Шуъбаи равобит бо ҷомеаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи натиҷаи ҳамапурсие, ки Академияи ВАО ва Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон гузаронида буд,

Дар Тоҷикистон замин ларзид

Рўзи 11.03.2019 соати 13:44 дақиқа бо вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон замин такон хӯрд. Бино ба маълумоти идораи зилзиласанҷии кишвар маркази он 80 км шимолу шарқи шаҳри Душанбе, 4 км дуртар  аз шаҳри Роғун мебошад.

Қувваи зилзила дар марказаш 3 балл, дар шаҳри Роғун 2-3 баллро ташкил дод.

Ҳалокати 19 корманди марбут ба СММ дар садамаи ҳавопаймо дар Эфиопия

Тибқи иттилои ҳанӯз комилан тайидношуда 19 корманди ниҳодҳои марбут ба Созмони Милали Муттаҳид дар садмаи ҳавопаймои Боинг 737 дар Эфиопия ба ҳалокат расиданд. Дар хабар гуфта мешавад, ки садмаи маргбор ҷони 157 нафар мусофирон ва сарнишинони ин ҳавопайморо рабуд. Дар ин бора рӯзи якшанбе Созмони байналмилалии муҳоҷират истинодан ба манбаъҳои худ хабар дод.

Мӯҳтарам кормандон ва собиқадорони воситаҳои ахбори омма ва матбааҳо!

Роҳбарият ва ҳайати шахсии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукуумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи Шуморо ба муносибати иди касбиатон – Рӯзи матбуоти тоҷик самимона муборакбод мекунад.

Ҷашни матбуот одамони касбу корашон гуногун: журналистон, муҳаррирон, ноширон, кормандони маҷтамаҳои

Табрикоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар

Модарону бонувон ва духтарони азиз!

Дар нахустин рӯзҳои фасли зебои баҳор, яъне айёми нуру сафо ва гармиву бедории табиат - ҷашни фархундаи Рӯзи модар фаро мерасад. Ҳамаи шумо, модарони меҳрубон ва бонувони арҷмандро ба ин муносибат самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо, пеш аз ҳама, саломатӣ, хушбахтӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоям.

Наҷоти ҷавонзане, ки худро ба дарёи Сир андохта буд

Ба дастаи наҷоти вокуниши сареъи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд муяссар гардид, ки сокини 32-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилоятро, ки мехост худро ба дарёи Сир андозад, наҷот диҳанд.

Ин ҳодиса дар қаламрави шаҳри Хуҷанд рух додааст.

Таҷлили Рӯзи Модар дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

7 –уми марти соли 2019 дар остонаи ҷашни Рӯзи Модар – 8 март дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид. Раиси Кумита  генерал-лейтенант  Р.Назарзода бонувонро ба муносибати ин ид муборакбод намуд.

«Дар остонаи ид мехоҳам шумо, бонувони муҳтарамро ба Рӯзи  Модар муборакбод намоям.

Босмачиён. Душманони бадкеш тешаи худро аз решаи фарҳанги миллӣ бардоштанӣ нестанд.

Душманони бадкешу бадандеш тешаи худро аз решаи фарҳангу маърифати миллӣ бардоштанӣ нестанд ва бо ҳар роҳе талош доранд, арзишҳои волову муқаддаси миллиро қурбони амбитсияҳои сиёсӣ - динии худ гардонанд. Онҳо арзишҳои миллиро бо ақоиди динӣ - мазҳабӣ махлут намуда, ҳатто динро аз миллат боло гузошта, падидаҳои бо дин омезишёфтаро ҳувияти миллӣ муаррифӣ карданианд.

Хадамоти зидди жола 55-сола шуд

6 – уми марти соли 2019 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 55-умин солгарди таъсиси Хадамоти зидди жола  ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид. Ин ҷаласа таҳти раёсати Ҷонишини аввали Раиси КҲФ, генерал-майор Рустам Шоҳиён доир шуд.

Генерал-майор Рустам Шоҳиён кормандони ин хадамотро ба муносибати рӯзи таъсис шодбош гуфта, аз ҷумла қайд кард, ки мавқеъи ҷуғрофӣ ва шароити иқлимии кишвари мо онро ба яке аз минтақаҳои жоларез ва осебпазир аз ин офати табиӣ қарор додааст. 

Боздиди кормандони Раёсати Кумита дар Суғд аз осорхонаи вилоятӣ

Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд аз осорхонаи таърихии вилоят дидан кардан ва бо ёдгориҳои таърихи замону давраҳои гуогуни таърих ошно шуданд. Ҳамкорамон Шоҳзодахон Бутаева дар гузорише, ки ахиран ирсол кардааст, мегӯяд ҳадаф аз роҳандозии ин гуна чорабиниҳо тарбияи наврасону ҷавонон дар рўҳияи ватандўстиву ватанпарастӣ, дар зеҳни ҳайати

Сабти 48 ҳодисаи лағзиши тарма дар роҳҳои кишвар зарфи як шабонарӯзи гузашта

Тибқи маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон хатари лағзиши тарма дар роҳҳои кӯҳии мамлакат боқӣ мондааст. Зарфи шабонарӯзи гузашта дар қаламрави ноҳияҳои Рушон, Роштқалъа, Шуғнон ва Ишкошими ВМКБ  44 ҳодисаи фаромадани тарма ба қайд гирифта шуд. Сокинони ноҳияи Тоҷикобод бошанд шоҳиди чор ҳодисаи лағзиши тарма шуданд.

Страницы