Роҳбарият ва ҳайати шахсии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукуумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи Шуморо ба муносибати иди касбиатон – Рӯзи матбуоти тоҷик самимона муборакбод мекунад.
Ҷашни матбуот одамони касбу корашон гуногун: журналистон, муҳаррирон, ноширон, кормандони маҷтамаҳои чопӣ, паҳнкунандагони нашрияҳои чопӣ, хоса касонеро, ки заҳматашон яке аз ҳуқуқҳои асосии шаҳрвандон - озодии баёнро таъмин месозад, ба ҳам меорад.
Воситаҳои ахбори омма дар шароитҳои имрӯза таъсири муҳиме ба рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсии ҷомеа мегузоранд. Бе ошкорбаёнӣ ва иттилоърасонии воқеъбинона бунёди давлати ҳуқуқӣ имконнопазир аст. Аз ин рӯ, дар ин рӯзи ҷашни касбӣ ба ҳамаи кормандони воситаҳои ахбори омма ва кормандони матбааҳо барои заҳматҳои фаровон ва эҷоди созандаашон изҳори ташаккур мекунем ва ба онҳо саломатӣ, хушбахтӣ, беҳбудиҳо дар ҳаёти оилавӣ, осмони софу буғубор, илҳоми саршор ва комёбиҳои беназир ба нафъи Тоҷикистон азиз таманно дорем.
Бо эҳтиром КҲФ