Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд аз осорхонаи таърихии вилоят дидан кардан ва бо ёдгориҳои таърихи замону давраҳои гуогуни таърих ошно шуданд. Ҳамкорамон Шоҳзодахон Бутаева дар гузорише, ки ахиран ирсол кардааст, мегӯяд ҳадаф аз роҳандозии ин гуна чорабиниҳо тарбияи наврасону ҷавонон дар рўҳияи ватандўстиву ватанпарастӣ, дар зеҳни ҳайати шахсӣ ҷой додани ғоя, андеша ва фарҳанги миллӣ, таърихи ниёгон, бедор намудани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, содиқ будан ба ҳифзи манфиатҳои давлату ҳукумат ва амалигардонии Нақша-чорабиниҳо дар бораи Барномаи давлатии тарбияи ватандўстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 №79 аз 1 марти соли 2018 ва дастуру супоришҳои Раиси КҲФ мебошад.
Боздид аз осорхона барои ҳайати шахсӣ хеле писанд омада, онҳо аз таърихи чандинҳазорсолаи миллати тоҷик, аз давраи санг то ба давраи Истиқлолият, ҳаёт ва фаъолияти халқи ориёинажод, таърихи давлати Сомониён, ҳаёти қаҳрамонон ва шахсиятҳои бузурги таърих ба монанди Спитамен, Искандари Мақдунӣ, Темурмалик, шоҳ Исмоили Сомонӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Садриддин Айнӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Эмомалӣ Раҳмон, таърихи Хуҷандшаҳри бостонӣ, ҷойҳои таърихии вилояти Суғд, аз ҷумла Қалъаи Темурмалик, Саразми бостонӣ, ёдгориҳои таърихӣ, лавозимотҳое, ки аз тарафи бостоншиносон дарёфт карда шудааст, дар осорхонаи нигоҳ дошта мешаванд, шинос шуданд.
Гӯшае, ки бештар мавриди таваҷҷӯҳи ҳамкорон қарор гирифт, гўшаи ҷанговарони интернатсионалисти осорхона буд, ки аксҳои ду нафар собиқадорони Раёсат - полковник Салом Сангинов ва Ҳофиз Ҳофизов насб карда шуда, аз ҳаёту фаъолияти онҳо ҳикоят карда мешуд.
Боиси ифтихор аст, ки ду собиқадори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар замони худ аз ширкаткунандагони муҳорибаҳо дар Афғонистон буданд.