Таҷлили Рӯзи Модар дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

7 –уми марти соли 2019 дар остонаи ҷашни Рӯзи Модар – 8 март дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид. Раиси Кумита  генерал-лейтенант  Р.Назарзода бонувонро ба муносибати ин ид муборакбод намуд.

«Дар остонаи ид мехоҳам шумо, бонувони муҳтарамро ба Рӯзи  Модар муборакбод намоям. Имрӯз зан танҳо нигаҳдорандаи гармии хонадон нест, балки ширкаткунандаи фаъоли ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсии кишвар аст. Дар ҷомеаи муосир ба шумо лозим меояд, ки  дар баробари мардон вазифаҳои муҳимеро иҷро намоед, ки аз иҷрои онҳо шумоён басо муваффақона баромада истодаед.  Мехоҳам аз  самими қалб  ба шумоён барои заҳматҳо ва хизматҳоятон изҳори ташаккур намоям. Ба шумоён хушиҳои рӯзгор, муҳаббат, комёбиҳои нави касбӣ ва хушнудиҳо дар ҳаёти хонаводагиро таманно дорам. Идатон муборак бошад!”,- иброз дошт Сарвари КҲФ.

Ҳамчунин роҳбарони воҳидҳои ҷудогонаи КҲФ низ бонувои Кумитаро ба идашон муборакбод карданд ва таронаҳои корманди Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон майор В.Ашуров дар бораи модар, баҳор, муҳаббат хотири ширкаткунандагонро дучанд шод намуд. 

Ба муносибати Рӯзи Модар сарвари Кумита генерал-лейтенант Р.Назарзода ба бонувон гул ва тӯҳфаҳо тақдим намуданд. 

Рӯзи Модар дар ёду хотири бонувони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда чун як рӯзи хотирмон шуд.

барчасп: