декабря 2018

Курсантони факултаи № 5 Академияи ВКД Тоҷикистон ба касби ояндаи худ ошно шуданд

Бо мақсади омодагии касбии кадрҳо дар самти вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда, ҳимояи аҳолӣ ва ҳудуд аз офатҳои табиӣ ва техногенӣ, ҳамчунин ошноӣ бо касби ояндаи худ 13 нафар курсантони соли чоруми таҳсил дар факултаи  № 5 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Маркази омӯзишӣ-методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан карданд.

Мулоқоти генерал Назарзода бо ҳайати Кумитаи Шӯрои Федератсияи мудофиа ва бехатарии Федератсияи Русия

Рустам Назарзода ва Михаил Козлов ба густариши ҳамкориҳои Русия ва Тоҷикистон дар самти вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда таъкид карданд. Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷонишини Раиси Кумитаи Шӯрои Федератсияи мудофиа ва бехатарии Федератсияи Русия изҳор доштанд, ки таҳкими ҳамкориҳо дар ин самт ба суди сокинони ду кишвар аст.

Чаҳор кушта бар асари аз роҳ хориҷ шудани қатори суръатболо дар Анқара

Дар Анқара бар асари аз роҳ берун шудани қатори суръатболо 4 нафар ба ҳалокат расиданд ва беш аз 40 тани дигар захмӣ гаштанд. РИА Новости истинодан ба хабари расонаҳои туркӣ иттилоъ додааст, ки аз хати ҳаракат ду вагон хориҷ шудааст.

Бино ба гузориши  NTV аз хати ҳаракат хориҷ гаштани ду вагони қатор 4 нафар ҳалок шудаву бештар аз 40 нафар

Сӯхтор дар ошёнаи даҳуми хобгоҳе дар Минск

Кормандони Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Белорусия аз наҷоти ду зарардида ва интиқоли 250 бошандаи як хобгоҳи бисёрошёна дар Минск хабар доданд. Дар ошёнаи даҳуми ин бино утоқе оташ гирифтааст ва аз тарси хавфи сӯхтор ҳудудан 250 нафар ба макони амн интиқол ёфтаан

Хабар дар мавриди оғози сӯхтор соати 19:00 расидааст.

Вазъи обу ҳаво, шоҳроҳҳо ва ағбаҳо дар ҳудуди кишвар барои 12 декабри соли 2018

Тибқи маълумоти Агентии обуҳавосанҷии Кумитаи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 12 декабри соли равон дар ҳудуди кишвар ҳавои  тағйирёбандаи бебориш (ба истиснои ВМКБ) дар назар буда, дар бештари ноҳияҳои кӯҳӣ фаромадани туман дар назар аст.

Вазъияти  роҳҳо ва ағбаҳо:
Шоҳроҳҳои Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Кулоб-Қалъаи–Хумб,

Китоби нави Пешвои миллат: «Уфуқҳои Истиқлол»

Бо ҳамин ном китоби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нашр шуд. Дар сарсухан омадааст: “...вақте сухан аз Истиқлолияти давлатӣ меравад, он на санаи бори аввал соҳибдавлат шудани тоҷикон, балки санаи эҳёи Истиқлолияти давлати Тоҷикистон мебошад, яъне миллати куҳанбунёду соҳибдавлати тоҷик бори дигар соҳиби давлатдории

Як рўзи cарбоз

Рӯзе аз рӯзҳои сарбоз. Аз субҳ то шом. Як сарбоз тӯли ин муддат чӣ бояд кунад, ки созовори номи сарбозӣ бошад? Ва қаҳрамони лавҳаи мо аз ҷумлаи наваскарон аст, ки ҳоло чорумин моҳи хизмати ҳарбиро пушти сар мекунад. Ва ин рӯзҳое, ки мо ҳамроҳаш будему суҳбат кардем, нахустин рӯзҳои омӯзишии ӯву ҳамхизматонаш буд. Дарсҳо бештар назариявӣ буданд ва баъдан дарсҳои амалӣ ҳам шуруъ мешаванд...

Чунин навишт “Ҷумҳурият”...

“Ҷумҳурият”-нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке аз охирин шуомраҳои худ таҳти унвони “КҲФ. Офатҳои табиӣ тамоили камшавӣ доранд” навишт:  Давоми ёздаҳ моҳи соли равон дар кишвар 165 ҳолати фавқулода ба қайд гирифта шудааст, ки 21 ҳолат ба хоҷагии халқи мамлакат зарари моддӣ расондааст. Соли гузашта бошад, 879 ҳодиса сабт гардида буд, ки 89 ҳолат ба хоҷагии халқ зарари моддӣ расонда буд.

ТТЭ аз ҷавонон чӣ мехоҳад?

ТТЭ ҲНИ

Вақтҳои охир чунин ба мушоҳида мерасад, ки роҳбарону иддае аз пайравони ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати ислом бо сабаби дарки заъфи худ дар роҳи рақобатҳои сиёсӣ аз шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун “умеди охирин” ва “минбари беминнат” суиистифода мекунанд. То ҳол наҳзатиён аз ҳимояи ислому ҳифзи арзишҳои исломӣ сухан мегуфтанд, аммо якбора ҷомаи худро чаппа пӯшида, “демократияхоҳ”

Одамони дорои имкониятҳои маҳдудро дар ҳолатҳои фавқулодда чӣ гуна бояд наҷот дод?

Мардону занон ва бачаҳое, ки маъюбанд ва имкониятҳояшон дар зиндагӣ маҳдуд шуда, дар ҳоли офатҳои табииву ҳолатҳои фавқулодда ба ёрии бештару таваҷҷӯҳи хос ниёз доранд. Онҳо на мисли солимонанд, ки бе ёрии дигарон барои наҷоти худ кӯшанд. Аз ин рӯ боистӣ, ки воҳидҳои наҷот дар ҳолатҳои фавқулода бештар мутаваҷҷеҳи ин афрод бошанд ва ба кумаки онҳо сари вақт шитобанд.

Ба бачаҳо қоидаҳои бехатарӣ меомӯзем

Муҳтарам корбарони сомона! Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи Шумо филмҳои омӯзишии аниматсионӣ барои бачаҳоро пешкаш мекунад. Ин филмҳо барои дарки воқеъияти хатар ва риояи техникаи бехатарӣ бештар муфиданд. Ҳангоми баррасии осеб дидани бачаҳо мо борҳо ин суолро матраҳ кардаем, ки чаро беш аз дигарон маҳз кӯдакон

Ширкаткунандагони давраи омӯзишӣ соҳиби шаҳодатномаҳо шуданд

8 декабри соли 2018 дар Маркази таълимӣ-методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани шаҳодатномаҳо ба кормандони КҲФ, ки дар давраи омӯзишии “Чорабиниҳои эвакуатсионӣ дар минтақаҳои аз фалокат зери обмонда дар ҳолати рахнашавии иншоотҳои гидротехникӣ” ширкат карда буданд, баргузор шуд. Ин давраи омӯзишӣбо дастгирии созмони

Страницы