“Ҷумҳурият”-нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке аз охирин шуомраҳои худ таҳти унвони “КҲФ. Офатҳои табиӣ тамоили камшавӣ доранд” навишт: Давоми ёздаҳ моҳи соли равон дар кишвар 165 ҳолати фавқулода ба қайд гирифта шудааст, ки 21 ҳолат ба хоҷагии халқи мамлакат зарари моддӣ расондааст. Соли гузашта бошад, 879 ҳодиса сабт гардида буд, ки 89 ҳолат ба хоҷагии халқ зарари моддӣ расонда буд.
Дар ин бора Умеда Юсуфӣ, сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, ҳамчунин, дар ин давра дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарии шиноварӣ дар рӯдхонаву кӯлҳои кишвар 118 нафар ба ҳалокат расидаанд, ки 45 нафари онҳо то 16 - сола буданд. Дар баробари ин, наҷотбахшони кумита 50 нафарро аз хатари ғарқшавӣ ва дар бартарафсозии оқибатҳои ҳодисаҳо ҷони 148 нафарро наҷот доданд.
Аз офатҳои табиат 52,3 дарсади онро селҳое ташкил дод, ки баҳори соли равон дар ноҳияҳои Панҷ, Восеъ, Фархор, Вахш, Абдураҳмони Ҷомӣ, Балҷувон, Рӯдакӣ, Файзобод ва шаҳри Исфара ба амал омада буд. Бодҳои шадид бештар дар ноҳияҳои Ашт, Зафаробод ва шаҳрҳои Хуҷанду Гулистон рух доданд. Сангрезиш дар ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин ва Айнӣ. Раъду барқ бошад, дар ноҳияи Деваштич ва шаҳри Кӯлоб ба қайд гирифа шудааст.
Дар ин давра, дар ҷумҳурӣ бар асари офатҳои табиӣ 17 нафар ҷон дод, ки дар қиёс ба соли гузашта, 14 нафар кам мебошад. Ин афрод бештар аз сангрезиш, сел ва барқ қурбон шудаанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар муқоиса ба соли 2017 сатҳи рух додани ҳодисаҳои фавқулодаи табиат дар кишвар тамоюли коҳишёбӣ дорад.
Дар натиҷаи офатҳои табиат дар ин давра, 1485 хонаи истиқоматӣ зарар диданд. Аз ҷумла, 1437 хона ҷузъан, 20 қисман ва 28 пурра вайрон шуданд. Ин ҳодиса дар ноҳияҳои Фархор, Панҷ ва Вахши вилояти Хатлон рух додаанд. Бар асари он 78 мактаб ва муассисаҳои томактабӣ, 21 муассисаи тиббӣ, 5 иншооти фарҳангӣ ва ҷамъиятӣ, зиёда аз 46 км роҳ, 17 пул, беш аз 47 км хати интиқоли неруи барқ, наздики 90 км хати ҷӯйҳо ва каналҳои обёрикунанда ва 15,5 км селпарто зарар диданд.
Ба оилаҳои зарардидаи ноҳияҳои Фархор, Панҷ ва Вахш кумакҳои моддӣ, аз ҷумла маводи сохтмонӣ, маҳсулоти ғизоӣ ва амсоли ин расонда шудааст.
Лашкар ШАРИФ, «Ҷумҳурият»
Шакли комили мақола ин ҷост : КҲФ. ОФАТҲОИ ТАБИӢ ТАМОЮЛИ КАМШАВӢ ДОРАНД