Чаҳор кушта бар асари аз роҳ хориҷ шудани қатори суръатболо дар Анқара

Дар Анқара бар асари аз роҳ берун шудани қатори суръатболо 4 нафар ба ҳалокат расиданд ва беш аз 40 тани дигар захмӣ гаштанд. РИА Новости истинодан ба хабари расонаҳои туркӣ иттилоъ додааст, ки аз хати ҳаракат ду вагон хориҷ шудааст.

Бино ба гузориши  NTV аз хати ҳаракат хориҷ гаштани ду вагони қатор 4 нафар ҳалок шудаву бештар аз 40 нафар захмӣ гаштаанд. Ин манбаъ мегӯяд маълумоти аз ин бештаре дастрас нест. Мақомоти Туркия то ин замон аз шарҳи бештари қазия худдорӣ кардаанд.

Гуфта мешавад, ки ин қатор аз Анқара ба самти Коню дар ҳоли ҳаракат буд.

Иттилои бештар нашр мешавад.

барчасп: