Мулоқоти генерал Назарзода бо ҳайати Кумитаи Шӯрои Федератсияи мудофиа ва бехатарии Федератсияи Русия

Рустам Назарзода ва Михаил Козлов ба густариши ҳамкориҳои Русия ва Тоҷикистон дар самти вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда таъкид карданд. Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷонишини Раиси Кумитаи Шӯрои Федератсияи мудофиа ва бехатарии Федератсияи Русия изҳор доштанд, ки таҳкими ҳамкориҳо дар ин самт ба суди сокинони ду кишвар аст.

13 декабри соли 2018 Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  генерал-лейтенант Рустам Назарзода ҳайати Кумитаи Шӯрои Федератсияи мудофиа ва бехатарии Федератсияи Русия бо сарварии ҷонишини Раиси Кумитаи Шӯро Михаил Козловро ба ҳузур пазируфт.

Сарвари Кумита меҳмононро бо шарҳи ҳолатҳои фавқулодда дар кишвар, чораҳое, ки Ҳукумати мамлакат дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ меандешад, ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт, аз ҷумла ҳамкориҳо бо Федератсияи Русия шинос намуд. Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳамчунин масъалаи омӯзиши шаҳрвандони ҶТ дар мактабҳои олии махсуси ВҲФ Русияро дар миён гузошт. 

Рустам Назарзода дар мулоқот ҳамкориҳои созандаву пурсамар миёни Русия ва Тоҷикистон дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулоддаро махсус қайд намуд ва ба ҷониби Русия барои дистгирии ҳамешагӣ дар тӯли солиёни дароз изҳори сипос намуд.

«Ҳамкориҳои наздики мо имкон медиҳад, ки пайваста дар кумаки ҳамдигар бошем ва ин имкон медиҳад ба таври фаврӣ ба аҳолии ниёзманди зери офатҳои табиӣ монда ёрӣ расонем. Зеро ҳадаф якест: наҷоти ҳаёти ИНСОН”,-гуфт Раиси КҲФ.

Зикр гардид, ки бо мақсади рушди минбаъдаи ҳамкориҳои барои ҷонибҳо манфиатбахаш дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ ва техногенӣ моҳи октябри соли 2017 миёни КҲФ Тоҷикистон ва ВҲФ Федератсияи Русия Нақшаи ҳамкориҳои муштарак барои солҳои 2018-2019 имзо шуда буд.

Ғайра аз ин сарвари Кумита ба зарурати фаъол кардани созишномаи давлатӣ миёни ҶТ ва ФР дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ таъкид намуд.  

Дар навбати худ Ҷонишини Кумитаи Шӯрои Федератсия оид ба мудофиа ва бехатарии Федератсияи Русия  Михаил Козлов барои ироаи маълумоти муфассал аз вазъи ҳолатҳои фавқулодда дар Тоҷикистон изҳори ташаккур намуд ва иброз дошт, ки Русия ҳама тарҳҳо ва барномаҳои муштаракро дастгирӣ мекунад ва барои татбиқи амалии онҳо талош меварзад. «Ин барои таҳкими имконияҳои ду кишвар дар самти вокуниш ба ҳоалтҳои фавқулодда мусоидат мекунад”,-гуфт Михали Козлов. 

Дар поёни мулоқот ҷонибҳо ба ҳамкориҳои боз ҳам наздиктар ва созанда ба суди ду кишвар таъкид карданд.

барчасп: