Як рўзи cарбоз

Рӯзе аз рӯзҳои сарбоз. Аз субҳ то шом. Як сарбоз тӯли ин муддат чӣ бояд кунад, ки созовори номи сарбозӣ бошад? Ва қаҳрамони лавҳаи мо аз ҷумлаи наваскарон аст, ки ҳоло чорумин моҳи хизмати ҳарбиро пушти сар мекунад. Ва ин рӯзҳое, ки мо ҳамроҳаш будему суҳбат кардем, нахустин рӯзҳои омӯзишии ӯву ҳамхизматонаш буд. Дарсҳо бештар назариявӣ буданд ва баъдан дарсҳои амалӣ ҳам шуруъ мешаванд...

Сарбози қаторӣ Файзалӣ Урозов аз ҷумлаи афродест, ки довталабона, баъди хатми факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Кўлоб ба номи А. Рўдакӣ ба хизмат омадааст. Вай мегӯяд дар деҳаи Гулободи ноҳияи Восеи вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёнаи деҳа ба факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Кўлоб ба номи А. Рўдакӣ дохил мешавад. Аммо гуфт, ки аввал мехост сарбоз бошад ва баъд донишҷӯ, вале падараш монеъи ин тасмим шуд. Падараш мехост фарзандаш соҳиби маълумоти олӣ бошад ва агар хизмати ҳарбӣ мехоҳад, пас метавонад баъди анҷоми таҳсил равад. 

«Орзуҳои падарам амалӣ гардиданду ман пас аз хатми донишгоҳ ба Комиссариати ҳарбии ноҳияи Восеъ барои ба хизмати ҳарбӣ рафтан ариза навиштам. Хушбахтона, аллакай чор моҳ мешавад, ки ман дар қисми низомии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждани назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат карда истодам»- мегуяд Файзалӣ. 

Файзалӣ мегӯяд, имрўз ман хушбахтам чунки ҳам орзуи волидон ва ҳам орзуи худам амалӣ гашта истодаанд. Аммо Файзалӣ намехоҳад баъди анҷоми хизмат дар кадом бахши ҳуқуқӣ кор кунад, мехоҳад омӯзгор дар деҳаи худ бошад. «Пас аз ба итмом расидани хизмати ҳарбӣ мехоҳам ба мактаби миёнаи ноҳия ба ҳайси омўзгор кор оғоз карда, барои соҳибилм гардидани насли наврас саҳми худро гузорам».

Ҳамзамон, Файзалӣ қайд намуд, ки вақте дар донишгоҳ ва мактаби миёна мехонд  шароити хизмати ҳарбиро танқид менамуданд, биёри ҷавонписарон барои ба хизмати ҳарбӣ нарафтан инро баҳонаҷўӣ менамуданд, вале ман дар дилам ишқи хизмат ба Ватан ҷуш мезад ба ин суханҳо аҳмият намедодам. Ва гуфт, ки вақте қадам ба остонаи қисми ҳарбӣ ниҳод, дарк намуд, ки на ҳамаи суханони мардум ва овозаҳо дурустанду ҳақиқат доранд.

Мувофиқи қонунҳо ва Оинномаҳои ҳарбӣ вақти хизмати ҳарбӣ барои сарбозон дар қисмҳои низомӣ аз соати шаши субҳ оғоз гардида, то соати 22-и шаб анҷом меёбад. Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳар як дақиқаи сарбоз дар қисми низомӣ ба хизмати ҳарбӣ машғул буданаш мувофиқи тартиби рўз ба нақша гирифта шудааст.

Пас аз бархостан аз хоб сарбозони қисми ҳарбӣ барои машқи пагоҳирўзӣ дар майдончаи варзишӣ саф меороянд Сардори хадамоти тарбияи ҷимонӣ капитан Рабӣ Набиев бо ҳамроҳии навбатдори қисми ҳарбӣ ба сарбозон машқи пагоҳирўзӣ мегузаронанд. Сарбози қаторӣ Файзалӣ Урозов мегўяд аллакай тўли чор моҳ мешавад қи ин амал барои мо анъана шудааст: «саҳар мехезем аз хоб ба машқи пагоҳирўзӣ машғул мешавем, ки ин он ба тану рўхи инсон нерўи гуворо бахшад ва ҳамзамон шахс тавонову боқувват гардад».    

Пас аз гузаронидани машқи пагоҳирўзӣ сарбозон шустушӯ мекунанд ва баъдан дар майдони сафороии қисми ҳарбӣ саф мекашанд. Баъд аз машқи бадан бо Файзалӣ ва дигар сарбозон  ба ошхонаи қисми ҳарбӣ раҳсипор гардидем, ки дар он ҷо аллаакай наҳорӣ омода гардида буд. Барои чашидани хўроки сарбозон бо ҳамроҳии Файзалӣ дар як миз нишастем ва ҳамроҳии онҳо наҳорӣ намудем. Дида шуд, ки дар он ҷо ин субҳ ширбиринҷ ва тухму маска будааст. Ҳангоми суҳбати субҳона дар миз бо ҳамроҳии Файзаливу дигар сарбозон аз онҳо андешаҳояшонро нисбати шароити хўроки қисми ҳарбӣ пурсидам, онҳо гуфтанд- шароити хизмат дар қисми ҳарбӣ хуб буда,  ин гуна субҳонаро баъзан дар хонаамон ҳам намехӯрдем.

Баъди наҳорӣ сарбозон барои омодагӣ ба машғулиятҳо ва такрори машғулиятҳои гузашта ба ҳуҷраҳое, ки рота ба рота тақсим гардидааст, мераванд ба машғулиятҳо омодагӣ мегиранд. Пас аз он соати 08:30 машғулияти аввал дар синфхона оғоз меёбад.

Вақте мо ҷониби синфхонаи қисми низомӣ раҳсипор гардидем, Файзалӣ бо дигар ҳамхизматонаш саргами омӯзиш буданд. Роҳбари машғулият лейтенант Беҳрўзи Назаралӣ аз фанни таёрии ҷамъияти-давлатӣ дар мавзўи «Артиши миллӣ мактаби мардонагиву таҳамтанӣ» барои сарбозон дарс мегузашт  ва ба бисёри саволҳои ў Файзалӣ посух дод. Сабаби қаҳрамони ин қисса  интихоб намудани мо низ маҳз ҳамин буд.   

Ҳамзамон қайд кардан ба маврид аст, ки дар қисми ҳарбӣ шароити будубоши хизматчиёни ҳарбӣ ва хўрокаву пўшока таъмин гардида, сарбозон қисми низомиро мисли хонаи дуввуми худ дўст дошта, барои ободии он ва ватани азизамон кушиш менамоянд.

Инчунин дар дохили қисми ҳарбӣ китобхона мавҷуд аст, ки он бо китобҳои илмӣ ва китобҳои бадеиву ҳарбӣ таъмин гардидааст. Ҳангоми боздид аз китобхона маълум гардид, ки сарбозон дар он бисёри вакти хешро сарф менамоянд ва макони дўстдоштаи Файзалӣ низ маҳз ҳамин китобхона будааст. Ҳангоми сўхбат мо дарк намудем, ки Файзалӣ оид ба ватандўстиву худшиносии миллӣ китобҳои зиёдеро мутолиа намудааст. 

Пас аз хўроки шом Файзалӣ бо як гурўҳ ҳамхизматони худ ба синфхонаи қисми ҳарбӣ ҷамъ шуда, вазифаҳои худро омода мекунанд. Ҳангоми сўҳбат бо сарбози қатори Табаров Маҳмадшариф маълум гардид, ки ў дўсти Файзалӣ буда, бештари вақти худро якҷоя дар китобхона мегузаронанд. Маҳмадшариф ҳамроҳии Файзалӣ чор моҳ мешавад, ки дар хизмати ҳарбӣ қарор дорад ва ӯ низ  пас аз хатми донишгоҳ бо ихтиёри худ ба хизмат омадааст. Ҳангоми  сўхбат бо дигар сарбозон маълум гардид, ки вақти омодагӣ ба дарсҳо ҷойҳои нофаҳмои онро аз Файзалӣ мепурсанд ва ў ба онҳо дар ҳама ҷиҳат ёрӣ мерасонад. 

Баъди омода намудани дарсҳо сарбозон дар хонаи истироҳатӣ ё синфхона ҷамъ гардида, бо ҳам мусобиқаҳои зеҳнӣ мегузаронанд. Инчунин ҷамъомади шеърхониву рақсу суруд низ баргузор мегардад ва Файзалӣ мегӯяд, ки ман бисёр маврид оид ба байтбараку шеърхонӣ ғолиб мегардам. Вақте ҳазлу шухии сарбозон ва латифахонии онҳоро дидаму шунидам, хаёли маро низ ба давраҳои донишҷўиям бурд. Дар ҳуҷраи хобгоҳамон мо ҳамсабақон низ ҷамъ гардида, бегоҳ пас аз хўроки шом бо ҳам латифаву шеърхонӣ менамудем. Замоне ин ҳолатро мебинӣ, дарк менамоӣ, ки воқеан истиқлолият, ваҳдат ва тинҷию амонӣ гавҳари қиммат аст, ки мо бояд ба қадри он расида, барои ҳимояи Тоҷикистони азиз,  омода бошем.

Хизмати як рўзаи сарбозон ва афсарони қисми ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиа граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон пас аз санҷиши бегоҳирўзи соати 22-и шаб ба анҷом расид. Воқеан ҳам имрўз мо Ватани тинҷу амон ва Истиқлолияти комили миллӣ дорем ва бояд ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ба хусус ҷавонмардони он ба қадру қиммати ин Истиқлолият расида барои нигоҳ дошти он саъю кўшиш намоянд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда сохтори пурқудрати ҳарбӣ имрўз дар тобеъияти худ қисмҳои низомӣ дорад. Яке аз онҳо қисми ҳарбӣ дар ноҳияи  Рӯдакӣ аст, ки рӯзе аз рӯзҳои як сарбозро аз он ҳикоят кардем. Ҳайати шахсии қисми ҳарбиро подполковник Абдусалом Ҷалолиён сарварӣ мекунад.

Шуъбаи кор бо ҷомеа

барчасп: