Сӯхтор дар ошёнаи даҳуми хобгоҳе дар Минск

Кормандони Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Белорусия аз наҷоти ду зарардида ва интиқоли 250 бошандаи як хобгоҳи бисёрошёна дар Минск хабар доданд. Дар ошёнаи даҳуми ин бино утоқе оташ гирифтааст ва аз тарси хавфи сӯхтор ҳудудан 250 нафар ба макони амн интиқол ёфтаан

Хабар дар мавриди оғози сӯхтор соати 19:00 расидааст. Маълум шудааст, ки як утоқ дар ошёнаи даҳуми бинои 12-ошёна оташ гирифтааст. Ин хобгоҳ мутааллиқ ба Донишгоҳи давлатии тиббии Белорусия будааст.

Кормандони ВҲФ аз минтақаи хатар ду нафарро наҷот додаанд ва ҳоло гуфта мешавад, ки ба ҳаёти онҳо хатаре таҳдид намекунад. Ҳамзамон ба заҳролудшавӣ бар асари сӯхтор як нафар ба бунгоҳи тиббӣ муроҷиат кардааст. 

Дар кутоҳтарин муддат 250 нафар бошандагони ин биноро ба берун интиқол додаанд. Дафтари матбуотии ВҲФ мегӯяд сӯхтор хеле ба зудӣ хомӯш карда шуд ва он ба утоқҳои дигари бино нагузашт.

Дар айни замон сабабҳои сар задани сӯхтор муайян карда мешаванд. 

Гуфтанист, ки 2-уми декабри соли равон низ дар яке аз хобгоҳҳои донишгоҳи давлатии Белорусия сӯхторе сар зада буд. Аммо чун ин сӯхтор ба зудӣ хомӯш карда шуд, эҳтиёҷе барои тахлияи бино аз донишҷӯён пеш наомад.  Аксари онҳо худ то омадани наҷотдиҳандагон аз утоқҳои худ берун шуда буданд.

барчасп: