Ахбори рӯз

Сабти ду ҳодисаи заминларза дар Тоҷикистон дар фосилаи ҳамагӣ чанд соат

Бино ба маълумони Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рӯзи 13 ноябри соли равон соати 00:54 дақиқаи вақти маҳалллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон  заминларза ба қайд гирифта шуд. Маркази ин заминҷунбӣ 215 километр шимолу шарқи шаҳри Душанбе, 15 километр шимолу шарқи ноҳияи Тоҷикобод буд.

Ин манбаъ хабар дод, ки қувваи заминларза дар маркази он 4 балл, дар ноҳияи Тоҷикобод 3 баллро ташкил дод.

Заминларзаи субҳи имрӯз. Талафоти ҷониву хисороти дигар нест

Бино ба маълумоти Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 11 ноябри соли 2023 соати 06:24 дақиқа бо вақти маҳаллӣ дар қаламравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.

Маркази заминларза 31 километр ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе, 22 километр аз шаҳри Норак, дар Ҷумҳурии

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми минтақавии Олма-Ато ширкат дорад

10 ноябри соли  2023  дар шаҳри Олма-Атои Ҷумҳурии Қазоқистон  Форуми минтақавӣ – Ҷаласаи роҳбарони вазоратҳои ҳолатҳои фавқулоддаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ба кори худ шурӯъ кард, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сардории раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Рустам Назарзода ширкат дорад.

Зарари сел дар ноҳияи Панҷ! Хатар бартараф нашудааст. Эҳтиёт кунед!

9 ноябри соли 2023 боронҳои пуршиддат сабабгори омодани селҳо дар қаламрави деҳаи “10-солагии Истиқлолияти давлатӣ”-и ҷамоати деҳоти Намунаи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон шуд. Дар натиҷа селроҳаи “Овзикент – 2”  аз об лабрез шуда, ба 6 хонаи истиқоматии сокинон ва 74 қитъаи наздиҳавлигӣ зарар расонд.

Ҳамчунин дар ҳамин рӯз аз сели деҳаи Пахтакори ҷамоати деҳоти ба номи...

106 нафар наваскарони қисмҳои ҳарбии КҲФ савганди садоқат ёд карданд

9 ноябри соли 2023 дар боғи Ғалабаи ноҳияи Рӯдакӣ аввалин наваскарони даъвати тирамоҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон савганди садоқат ёд карданд.

Дар ин рӯз 106 нафар наваскарон аз се қисми низомии Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании...

Страницы