Ахбори рӯз

Идомаи мулоқот бо наваскарони даъвати тирамоҳӣ

Тибқи нақшаи чорабиниҳои муштарак барои соли 2023 ва бо мақсади тарғиби арзишҳои миллию маънавӣ, тарбияи ватандӯстӣ роҳбарияти Сарраёсати Қӯшунҳо, Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ, инчунин Шӯрои бонувони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯриву сӯҳбатҳо бо наваскарони даъвати тирамоҳии қисми ҳарбии Кумита воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ баргузор кард.

Барқияи изҳори тасаллии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Қасим-Жомарт Кемелевич,

Хабари фоҷеабори ба ҳалокат расидани одамон бар асари садама...

Омӯзишҳои мудофиаи гражданӣ дар Лахш

Тибқи Нақшаи чорабиниҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023 муддати се рӯз дар қаламрави ноҳияи Лахш машқҳои фармондеҳӣ ва маҷмуиии мудофиаи гражданӣ бо мақомоти идорӣ ва қувва ва воситаҳои ноҳия таҳти унвони  «Амали ҳайати роҳбарикунанда аз давраи осоишта ба давраи чанг гузаштан»  баргузор шуд.

Сипосномаҳои Кумита ба Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

25 октябри соли 2023 дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе маросими сарфароз гардонидани масъулини соҳаи маорифи шаҳри Душанбе барои иштироки фаъолона, бомуваффақият ташкил ва дастгирии чорабиниҳои дарҳои кушод, бозиҳои варзишӣ ва беҳтарин озмуни расмкашӣ байни кӯдакон бахшида ба Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ баргузор шуд.

Дарсҳои омӯзишӣ дар барои роҳбарои раёсату шуъбаҳои вилояти Суғд

Бо мақсади такмили барномаи таълимӣ дар марказҳои таълимию методии вилоятҳо ва ноҳияҳо, инчунин вобаста ба татбиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари барномаҳои Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар шаҳри Душанбе, аз 25 то 27 октябри соли 2023 Маркази таълимию методии...

Страницы