Ахбори рӯз

Резиши санг роҳи Душанбе-Хуҷандро баст. Ронандагон беш аз пеш эҳтиёт кунед!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар ба сабаби боришоти пуршиддат дар ноҳияҳои кӯҳӣ то 24 ноябри соли 2024 хатари резиши санг боқӣ мемонад.

Чунончӣ,  23 ноябри соли 2023 дар километри 119 роҳи мошингарди Душанбе...

Дар Хоруғ ҷаласаи Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда баргузор шуд

Дар толори маҷлиси Ҳокимияти иҷроияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳти сарварии раиси вилояти Алишери Мирзонабот ҷаласаи Комиссияи ҳолатҳои фавқулода баргузор шуд.

Дар ҷараёни ҷаласа корҳои анҷомшуда дар соли 2023 ва вазифаҳо дар соли 2024 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Корманди КҲФ дар мусобиқоти ҷаҳонии ҳунарҳои размӣ ба чаҳорякфинал расид

Аз 19 то 26 ноябри соли 2023 дар пойтахти Албания шаҳри Тиран мусобитқоти ҷаҳонии ҳунарҳои размӣ миёни синну соли 18-20 ва болотар аз он баргузор мешавад. Дар он корманди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенант Сарабеки Сироҷиддин иштирок дорад.

Сироҷиддин бо пирӯзӣ дар ду бозӣ ба ¼ финал роҳхат гирифт. Ин корманди ҷавони...

Тамрини назариявӣ ва амалии ёриҳои аввалияи тиббӣ дар Хатлон

Бо мақсади баланд бардоштани малакаи наҷотдиҳандагон ва кормандони тиббии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар байни наҷотдиҳандагон ва кормандони тиббии Раёсат оид ба расонидани ёрии аввалияи тиббӣ ба зарардидагон дар ҳолатҳои фавқулодда курси омӯзишӣ ташкил ва гузаронида шуд. Ин давраи омӯзиширо...

Машқи иншоотии мудофиаи гражданӣ

Бо мақсади иҷрои Нақшаи чорабиниҳои асосии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2023, 21 ноябри соли 2023 дар Коллеҷи омӯзгории ба номи “Хосият Махсумова”-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин  Айнӣ...

Страницы