Ахбори рӯз

Наҷоти як гурба. Ин на аввалин ҳодисаи кумак ба ҳайвонот аст

Бегоҳии рӯзи гузашта як сокини кӯчаи ба номи Маяковскийи шаҳри Душанбе ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон занг зад, ки дар шохи дарахти назди бинои истиқоматии онҳо гурбае дармондааст. Ин гурба то ба боло баромада ва акнун худ наметавонад мустақилона поин шавад.

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз тағйири ҳаво дар рӯзҳои оянда

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба гузориши Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои оянда тағйири боду ҳаво дар назар аст.

Чунончӣ, рӯзҳои 22-23 ноябри соли 2023 дамои ҳаво рӯ ба коҳиш меорад, дар минтақаҳои алоҳида борон ва як қатор...

Суҳбат бо намояндаи Кумитаи дин дар КҲФ

18 ноябри соли 2023 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии ҳайати шахсӣ бо намояндаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои марбут ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат...

Сафари кории Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба вилояти Суғд

17 ноябри соли 2023 дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд вохӯрии раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода бо ҳайати шахсии Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд, роҳбарони раёсат ва бахшҳои Раёсат воқеъ дар шаҳру навоҳии вилоят баргузор шуд. Сарвари Кумита ҳамчунин дар маросими бошукӯҳи савгандёдкунии наваскарони даъвати тирамоҳӣ иштирок намуд.

Наҷотдиҳандагон дар Левекант ҷасади як духтари 22-соларо, ки ғарқ шуда буд, пайдо карданд

16 ноябри соли 2023 наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар ҷараёни роҳандозии корҳои ҷустуҷӯву наҷот ҷасади як духтари ҷавонро, ки ғарқ шуда буд, пайдо ва аз қаъри об берун оварданд.

Ин духтар 22 сол дошта, сокини деҳаи Эшонободи...

Страницы