Ахбори рӯз

КҲФ: Хатари омадани сел ва лағзиши тарма боқӣ мемонад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки хатари лағзиши тарма ва омадани сел дар роҳҳои кӯҳии Тоҷикистон боқӣ мемонад

Мулоқот ба Сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин

25 марти соли 2025 мулоқоти Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Тзи Шумин баргузор гардид.

Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим ва обшавии пиряхҳо

(Дар ҳошияи эълон гардидани “Соли 2025 - соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо”, ки санаи 29-31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад) Яке аз мушкилоте, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар асри XXI бо он рӯ ба рӯ гардидааст, тағйирёбии иқлими Сайёра ва обшавии захираи пиряхҳо дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Ин тағйирёбии иқлим, ки бо баланд шудани ҳарорат ба гузариши раванди биёбоншавӣ, камшавии захираҳои об, обшавии пиряхҳо дар минтақаҳои алоҳидаи Сайёра (аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон), зиёдшавии миқдори ҳолатҳои фавқулода оварда расонидааст. Дар навбати худ ин ҳодисаҳо ба коҳишёбии захираҳои табиӣ ва сабаби мушкилоти зиёде дар фаъолияти меҳнатӣ ва иҷтимоии инсон шуда истодааст. Норасоии об, маҳсулоти ғизоӣ, фақр, муҳоҷирати экологӣ, мисоли ин ҳодисаҳо мебошанд.

Селҳо дар қаламрави кишвар. Бе талафоти ҷониву хисороти дигар

24-уми марти соли 2025, соати 21:55 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар километри 320 роҳи мошингарди Душанбе-Дарвоз-Хоруғ, аз миёни деҳаҳои Хостав ва Зевари ҷамоати деҳоти Нулванди ноҳияи Дарвоз  мегузарад, сел омад. Сел барои муддате роҳро барои ҳаракати мошинҳо номумкин кард. Ҳоло барои бартараф кардани паёмадҳои сел корҳо идома доранд. 25 – уми марти соли ҷорӣ наздик ба соати 2-и шаб дар

Имдодграон мошини дар рӯди Варзоб сарозершударо аз миёни дарё берун оварданд. Талафоти ҷонӣ нест

24-уми марти соли 2025 дар километри 18-уми роҳи мошингарди Душанбе-варзоб мошини сабукрави тамғаи «Hyundai Avante», ки аз ноҳияи Варзоб ба самти Душанбе дар ҳоли ҳаракат буд, ба дарёи Варзоб сарозер шудааст. Ин мошин аз ҷониби як сокини 51-солаи ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон идора мешуд.

Ҷиҳати роҳандозии корҳои садамавиву наҷот ба ҷойи

Страницы