Борони шадиду селҳо дар ноҳияҳои Ҷомиву Шаҳринав. Бартарафсозии паёмадҳои офат дар Хуросону Деваштич
Чоп шуд: 22/06/2022 | redaktor
Рӯзи 21-уми июни соли равон тахминан соатҳои 16:16 дақиқа дар ҷамоати деҳоти Ифтихор, деҳаи Навободи ноҳияи Ҷомӣ бар асари боридани боронҳои пуршиддат ва омадани сел аз кӯҳдоманҳо роҳи мошингарди самти шаҳри Бохтар-Уйлӣ – Ҷоми – Ёвон дар километри 77+600-м пурра хароб гардида, ба ҳаракати ҳамаи намуди воситаҳои нақлиёт муваққатан монеъ шуд.